Як манзараи таърихӣ аз пеши назарам ҳаргиз дур намеравад. 18 ноябри соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони 10 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул карда, минҷумла иброз доштанд: «Муносибатҳои дӯстонаро идома медиҳем. Густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои амалӣ ба кишварҳои олам самти рушдёбандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст».
Афзудани сафи дӯстони Тоҷикистон, қабули эътимодномаҳои нав аз сафирони давлатҳои олам хаёли маро ба давраҳои аввали соҳибихтиёрии кишвар бурд.
Олмон аз нахустин давлатҳои Аврупост, ки дар шаҳри Душанбе сафоратхона кушод ва ҳамкории самарабахшро ба роҳ монд. Тоҷикистон низ яке аз аввалин давлатҳои собиқ шӯравӣ аст, ки сафораташро дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон боз намуд.
Олимони Олмон ҳанӯз дар ибтидои асри XX барои тадқиқоти илмӣ, пажӯҳиши ёдгориҳои таърихӣ, омӯхтани маданият ва анъанаи халқҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ омаданд. Бинобар ин, аз равобити деринаи илмӣ — фарҳангии халқҳои тоҷик ва Олмон ёдовар шуда, лаҳзаҳои фараҳбахши таърихиро зикр намудан муносиб аст.
- Соли 1922, пас аз таъсис ёфтани Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро (РХСБ) Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим гурӯҳи калони наврасону толибилмони Бухороро ба Олмон бурд. Мақсади ӯ ва маорифпарварони айём нек буд: мехост, ки насли нав дунёро бинад, илм ва забон омӯзад, ба пешрафту тараққиёт баҳои воқеӣ диҳад. «Фиристодагони Шарқ дар Ҷумҳурии Всеймар (Олмон) хеле чизро омӯхтанд», — навиштааст Александр Хайзер (мақолаи ӯ дар матбуоти тоҷик ба табъ расидааст).
Дар хусуси робитаи таърихии мардуми Олмон ва Тоҷикистон далелҳо зиёданд. Ҳазорҳо намояндаи ин миллат, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон, ба водии Вахш кӯчонида шуда буданд, бо тоҷикон паҳлу ба паҳлу зиндагӣ намуданд ва дар ободии кишвар саҳми бориз гузоштанд.
Бояд зикр кард, ки дар ин водӣ чанд насли олмонитабор ба дунё омада, ба диёр дил баст. Имрӯз онҳо самимияти тоҷиконро бо некӣ ёдовар мешаванду ба хубӣ эҳсос кардаанд, ки бо тоҷикон қаробати зиёд доранд.
- Ман бештар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро меписандам, ки мутаваллиди он минтақа аст. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ ба ман хеле писанд омад. Инчунин, эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозиро хеле дӯст медорам, ҳар рӯз байте аз ашъори онҳо мехонам, — гуфта буд собиқ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Александр Бекманн.
Рӯзҳои фарҳанги Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (11 -17 октябри соли 1996) ба ҷашни дӯстдорони санъату мусиқии ҷаззоби муосир табдил ёфт. Ҷаноби Александр Бекманн дар маросими кушода шудани он дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ чунин ибрози андеша намуд:
- Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қадимулайём чорроҳаи фарҳанг буд. Имрӯз ба шарофати иди санъату мусиқӣ мардуми тоҷик ба ҳунари мусиқӣ, театр ва адабиёти олмониҳо бештар ошно мегарданд. Рӯзҳои фарҳанги Олмон дар Тоҷикистон барги сабзест аз дарахти азими фарҳанги олмониҳо.
Муҳимтар аз ҳама, аҳли илму адаби Олмон, ки даҳсолаҳо ба тадқиқу таҳқиқи забону адабиёти форсу тоҷик, тарҷумаи асарҳои адибони шинохта ба забони олмонӣ ва дигар забонҳои халқҳои Аврупо машғуланд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдир гардидаанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонидани профессори машҳури забоншинос Манфред Лоренс, профессори Донишгоҳи Берлин Лутс Жеҳак ва устоди забони форсии Донишгоҳи Берлин Ғулом Ҷелонии Доварӣ далели ин гуфтаҳост.
Бузургон фармудаанд, ки «машварат идроку ҳушёрӣ диҳад». Маҳз, бо маслиҳату машварати аҳли илм дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолияти илмӣ — педагогӣ ва забономӯзиро равнақ додани хонуми олмонӣ — Катарина Вайс, дар Олмон ба табъ расидани асарҳои олимони тоҷик, дар Душанбе баргузор шудани Анҷумани устодони забони олмонӣ ва ба омӯхтани забони тоҷикӣ машғул гардидани донишҷӯёни олмонӣ, дар шаҳри Берлин шоми базму тамаддуни тоҷик оростани мардуми Олмон ва ба тамошо гузоштани расму нигораҳо оид ба кишвари тоҷикон идомаи мантиқии муносибатҳои дӯстона ба шумор меравад. Бигзор ин раванд идома ёбад.
Бибисафия Нарзиева, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон