Суғд: Маҷмӯи маҳсулот ба 18,3 миллиард сомонӣ расид

№8 (3958) 19.01.2019

худжандЧанде пеш таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласа баргузор шуд, ки дар он муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои гуногуни вилоят ширкат намуданд.

Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқро таҳлил намуда, гуфт, ки соли сипаришуда таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъсиси корхона ва ҷойҳои кории нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротӣ, баланд бардош­тани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шуданд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷти­моӣ таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулот ба 18,3 миллиард сомонӣ расид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли гузашта ба 11,3 млрд. сомонӣ баробар гардид ва афзоиш нисбат ба соли 2017 — ум 110,5 фоизро ташкил дод. 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва 1431 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.

Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 272 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода хоҳанд шуд.

Анвар Яъқубӣ, ҳамчунин дар бораи соҳаи кишоварзӣ маълумот дода, зикр намуд, ки соли сипаришуда бо мақсади рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида шуданд. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 8 млрд. 85,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд ва суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 105,2 фоизро ташкил дод.

- Соли 2018 нақшаи даромади Буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 104,4 фоиз таъмин ва ба буҷет 2 млрд. 114,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 88,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт А. Яъқубӣ. — Ба буҷети маҳаллии вилоят 1 млрд. 722,4 млн. сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 5,1 фоиз ё худ 82,9 млн. сомонӣ бештар аст.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд — Маруф Муҳаммадзода, Истаравшан — Баҳром Иноятзода, Панҷакент — Ислом Шафеиён, Мастчоҳ — Ғайрат Азиззода, Деваштич — Рустам Ҷӯразода, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлативу сохторҳо пурсон шуда, бобати ислоҳи онҳо, вусъати ободониву созандагӣ, омодагии ҷиддӣ ба ҷашн­ҳои бузурги миллӣ ва таъмини рушди соҳаҳо дастуру супориш дод.

Раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳо муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд татбиқ намудани иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, махсусан дар самти рушди деҳот, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид андешаҳояшро оид ба вазъи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят иброз дошта, ҷиҳати тат­биқи босифати нақшаву барномаҳои давлатӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­дастур дод.

Ҳамчунин, дар ҷаласа озмуни вилоятии «Беҳтарин маҳаллаи сол» натиҷагирӣ ва ғолибон бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»