Барқияи тасаллият

№28 (3013) 08.03.2013

Шашуми марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиб-Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Николас Мадуро барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо андӯҳи бузург хабари даргузашти Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Уго Чавесро дарёфт намудам.

Команданте Чавес аз маъруфтарин чеҳраҳои ҳаёти байналмилалии солҳои охир буд. Ӯ барои кишвари хеш, ҳимояю тақвияти истиқлоли Венесуэла, беҳтар намудани зиндагии мардум ва равобити байналмилалии кишвар хидматҳои бузург анҷом дод. Аз ин рӯ, ёди ӯ дар дили миллионҳо нафароне, ки ӯро ҳамчун муборизи роҳи озодиву истиқлоли ватанаш дониста ва шинохта буданд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Хоҳишмандам самимитарин тасаллият ва ҳамдардиҳои моро ба ҳамаи мардуми Венесуэла бирасонед».

www.prezident.tj