- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар риштаи технологияи сабук ва хӯрокворӣ камназир мебошад, — иброз дошт ректори он Илҳом Амонзода дар нишасти матбуотие, ки 31 январи соли 2019 баргузор гардид.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар донишгоҳ 5636 донишҷӯ таҳсил ва 216 омӯзгор, аз ҷумла, 2 академик, 86 профессор, 12 доктори илм фаъолият доранд.
Сохтори донишгоҳ аз 9 факултет, 21 кафедра, 3 марказ, инчунин, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» таркиб ёфтааст.
Оид ба омода намудани ошпаз ва пешхизматҳои касбӣ роҳбарияти донишгоҳ корро дар самти азнавсозии озмоишгоҳҳо ва ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар беш аз пеш тавсеа бахшид.
Дар ташхисгоҳи тайёр намудани хӯрокҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон ба маблағи 133000 сомонӣ таҷҳизот насб ва ба ин васила, имконияти омӯзиш фароҳам шуд.
Бо ин мақсад мутахассиси ташкилоти олмонии SES — Георг Мэдинг ҷалб гардидааст. То ин дам 8 омӯзгору корманд ва 12 донишҷӯйи факултети муҳандисӣ — технологӣ курси мазкурро хатм кардаанд.
Ҳоло донишгоҳ бо 12 донишгоҳи хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»