Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед ҶУМЪАХОНЗОДА: «Ҳадаф вусъат додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодист»

№№14 (3964) 05.02.2019

Роиси ТПП (2)- Яке аз вазифаҳои асосии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа бахшидани муносибатҳои мутақобилаи судманди соҳибкорони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷиашон мебошад. Бо ин мақсад соли сипаришуда ба палатаҳои минтақаву шаҳрҳои калони кишварҳои гуногун зиёда аз 1500 муроҷиату пешниҳод ирсол гардид, — иброз дошт раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода.

- Соли гузашта бо иқдоми роҳбарони ду давлат робитаи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон вусъат ёфт. Масалан, дар доираи Намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе доир гашт, бо иштироки 400 нафар соҳибкор вохӯрӣ баргузор гардид, — афзуд номбурда.

Зикр гардид, ки моҳи март дар доираи Намоишгоҳи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон – 2018. Баҳор» бо иштироки зиёда аз 100 соҳибкор аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Беларус ва Тоҷикистон бизнес — форум доир шуд. Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мамлакат намоишгоҳҳои «Кулчақанд — лаззатбахши хонаи мо», «Зардӯзи беҳтарин», «Наврӯз», «Ҳазору як ранги чакан», «Рӯзи оҳангарон», «Ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ», «Тоҷикистон — 2018» ва ғайра баргузор гардиданд, ки дар онҳо дар қатори ҳамватанонамон меҳмонони хориҷӣ низ ширкат варзиданд.

Ҳамин тариқ, роҳбарияти Палата мақсад гузош­тааст, ки сафи аъзоро соли равон аз ҳисоби соҳибкорони хурду миёна бештар гардонида, баҳри ёфтани шарикони тиҷоратӣ ва таблиғи маҳсулоти истеҳсолнамуда мусоидат кунад.

Имсол дар шаҳри Пекин Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО — 2019» баргузор мегардад. Ба ин муносибат кормандони Палата тасмим гирифтаанд, ки Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ карда, сафи шариконро афзун намоянд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»