Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Исломбек Хоркашев панҷуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва самаранокии фаъолият дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ платформаи нави таҳсилоти фосилавӣ ва низоми корпоративии гардиши ҳуҷҷатҳо дар сервери донишкада насб карда шуд.
- Соли 2018 шумораи зиёди китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои гуногун, аз ҷумла «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ», «Баҳисобгирии идоракунӣ», «Ташкили туризми барномавӣ», «Хадамоти гумрукӣ ва ниҳодҳои давлатӣ», «Технологияи иттилоотӣ дар сайёҳӣ», «Асосҳои фаъолияти гумрукӣ» ва ғайра ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардиданд, — афзуд номбурда.
Соли гузашта бори аввал дар ҷумҳурӣ Форуми донишҷӯёни риштаи сайёҳии муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат доир гардид. Донишҷӯйи ихтисоси «Саёҳат ва меҳмондорӣ» — и донишкада дар озмуни «Рӯнамои беҳтарини сайёҳӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷойи дуюмро сазовор гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Гулмо Қодирова иброз дошт, ки Парки инноватсионию технологии донишкада бо фарогирии курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баҳри аз бар кардани касбҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, омӯзиши забонҳои англисию русӣ, хитойӣ ва компютер фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Ҳоло дар донишкада 28 донишҷӯ аз Ӯзбекистон, 2 нафар аз Афғонистон ва як нафар аз ИМА таҳсил мекунанд. Бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ 81 шартнома ба имзо расидааст. Дар оянда табодули донишҷӯёну устодон бо ҳамтоёни хориҷӣ бештар ба роҳ монда хоҳад шуд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»