Зимни нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 — уми феврал доир гардид, иброз шуд, ки дар самти ҳифзи бозори истеъмолӣ, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини ченаки ягона корҳои зиёд ба анҷом расиданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба назорати бозори истеъмолӣ низ равона шуд. Дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3138 тонна маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор гардид, ки 1941 тонна аз лиҳози сифат ва бехатарӣ ва 1197 тонна аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Ин масъаларо шарҳ дода, директори агентии зикршуда Қудрат Давлатзода, гуфт, ки 1334 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 53,3 тонна равғани растанӣ, 3,4 тонна маҳсулоти макаронӣ, 204849 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 70768 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 622,7 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 107312 дона қандакҳои хитойӣ, 6,6 тонна маҳсулоти ширӣ, 360 кг чарбӯи чорво, 85 тонна чой, какао ва қаҳва, 8 тонна қанду набот, 153,4 тонна орди гандумӣ, 4,5 тонна консерваҳо, 5,2 тонна меваю сабзавот, 60,3 тонна меваи хушк, 206,3 тонна иловагиҳои ғизоӣ, намаки ошӣ, 1023756 дона тухми мурғ, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба субъектҳои хоҷагидор чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Роҳбари «Тоҷикстандарт» аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар заминаи тавсеа бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ сатҳи масъулиятшиносии соҳибкорон хеле боло рафтааст. Барои мисол, бо мақсади нобудсозии 19023,8 литр нӯшокиҳои муҳлати истифодаашон гузаштаи тамғаи «Амазон» аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амазон», 13964 килограмм ғизои кӯдакона (шоколад, панир, яхмос) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рӯшон», 16124 адад маҳсулоти парфюмерӣ аз намояндагии ширкати «Фаберлик», 1565 килограмм маҳсулоти хӯрокворӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АВФ», 6840 кг аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Реал Трейдинг» ва 4012 кг аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фаровон» дархост ворид шуд. Соли 2017 танҳо ду субъекти хоҷагидор барои нобудсозии маҳсулоти ғайристандартӣ муроҷиат намуда буданд.
Ҳангоми саволу ҷавоб маълум гардид, ки соли 2018 дар озмоишгоҳҳои метрологии «Тоҷикстандарт» 274831 адад воситаи ченак аз санҷиши мутобиқат гузаштаанд, ки аз ин шумора 132031 ададашро воситаҳои ченаки баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ташкил медиҳад. Инчунин, 127 668 адад ҳисобкунаки барқӣ, 165 адад зарфи нигаҳдории сӯзишворӣ (резервуарҳо), 2217 адад сутуни тақсимоти гази моеъ, 447 адад автосистерна ва ғайра аз санҷиши мутобиқат гузаштанд. Муҳимтар аз ҳама, соли сипаригашта 160 аризаи шикоятӣ ва 365 муроҷиати шаҳрвандон аз тариқи паёмрасони «Вайбер», ки ба нақзи ҳуқуқи истеъмолӣ рабт доштанд, сари вақт баррасӣ ва муроҷиин қонеъ гардонида шудаанд.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»