Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА: «Даромад аз хизматрасонии сайёҳӣ ба 214 миллиону 36 ҳазор сомонӣ баробар шуд»

№18 (3968) 14.02.2019

DSC_4839Соли 2018 ба кишвар 1 миллиону 155 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли пеш 2,6 маротиба бештар мебошад. Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ҳаштуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Номбурда сол то сол зиёд шудани ташрифи сайёҳонро ба сиёсати дарҳои кушода, беҳтар ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадии кишвари мо бо Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон алоқаманд донист. Аз ҷумлаи сайёҳон шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 700 ҳазор, сайёҳони дохилӣ беш аз 751 ҳазор нафарро ташкил дод.

Зикр шуд, ки сайёҳон аз хизматрасонии 170 меҳмонхона, 94 осоишгоҳу истироҳатгоҳ, 60 гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ истифода намуданд. Дар ноҳияҳои Кӯшониён, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Нуробод, Хуросон, Зафаробод, Ёвон, Мурғоб, шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Конибодом, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент меҳмонхонаҳои хурду бузург бунёд гардидаанд. Алҳол сохтмони биноҳои иловагӣ ва инфрасохтор дар осоишгоҳҳои «Баҳорис­тон», «Зумрад» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара», тармиму таҷдиди кӯли «Варзоб», бунёди 13 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон идома дорад.

Шумораи кормандони субъект­ҳои хизматрасонии сайёҳӣ низ афзоиш ёфт ва 4378 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 1679 кас зиёд мебошад. Даромад аз хизмат­расонии сайёҳӣ ба 214 миллиону 36 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс ба соли пешин 65,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»