Соли китоб дар ИДМ

№19 (3969) 16.02.2019

Имсол дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Соли китоб» эълон шудааст.  Дар ин бора  моҳи ноябри соли гузашта Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қарор қабул кард.

Дар сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ нақшаи чорабиниҳо ба муносибати «Соли китоб» дар кишварҳои иштирокчии ИДМ нашр шудааст. Тибқи он, аз ҷумла, дар мамлакат Фестивали байналмилалии «Ҳафтаи китоб барои бачаҳо ва наврасон» (моҳи апрел), конференсияҳои минтақавии «Татбиқи ҷараёни инноватсионӣ дар китобхонаҳои илмӣ» (моҳи апрел) ва «Дастхатҳо ҳамчун сарчашмаи  мероси фарҳангӣ» (моҳҳои май-июн), Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ» (моҳҳои май-июн), конференсияи байналмилалии «Ҳамкории китобхонавӣ — иттилоотии давлатҳои ИДМ» (моҳи сентябр), Намоишгоҳи  IX  байналмилалии китоби Душанбе (моҳи октябр) ва чанд чорабинии дигар баргузор мегардад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»