Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оини миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо аз нав эҳё шуданд, Шашмақому Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддӣ, шаҳри қадимаи Саразм ва Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Имсол мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Ин масъала дар радифи дигар масоили мубрам дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) махсус таъкид гардид.
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳифзу арҷгузорӣ нисбат ба мероси гаронбаҳои ниёкон, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихию меъморӣ, дар ҳар Паёмашон ба мақомоти олии қонунгузори кишвар ёдовар шуда, диққати аҳли ҷомеаро ба ин масъала ҷалб месозанд, — гуфт дар суҳбат нозири ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии ноҳияи Ҷаббор Расулов Муҳаммадҷон Гадоев.
- Сарвари давлат дар Паём зикр намуданд, ки: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад…
Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад», — афзуд ӯ.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов алҳол 22 мероси таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Ёдгориҳои таърихӣ — зиёратгоҳи Бобои ҷомакабуд, Мазори Қӯтирбулоқ, Қалъаи Хитойреза, Мақбараи Ғоиб Ота ва Зиёратгоҳи Хоҷа Гулистони Валӣ тибқи нишондоди сарчашмаҳо дар асрҳои XIV-XVIII-и мелодӣ бунёд гардиданд ва аз қадимитарин мероси ниёкон ба шумор мераванд. Ҳоло Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз имконоти мавҷуда ба таъмиру таҷдиди давра ба давраи ёдгориҳои таърихӣ оғоз бахшидааст ва умед аст, ки онҳо ба тамошогоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил меёбанд.
- Мо — кормандони масъули соҳа, бо мақсади иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои Сарвари давлат нақшаи махсуси чораҷӯйиро мураттаб сохта, тибқи он корҳои зиёдро ба сомон расонидаем. Қабл аз ҳама, барои афзун гардонидани шумораи муҳофизону ободкорони ёдгориҳои таърихӣ дар байни халқ, тарғибу ташвиқи мероси ниёконро ҳамаҷониба вусъат бахшида, бо истифода аз кумаки таърихшиносон, афроди варзидаи соҳа сокинонро аз таърихи пайдоиш, то кадом андоза қимату аҳамият доштани арзишҳои миллӣ огоҳ намуда истодаем. Зеро муҳофизат, обод кардан ва ба наслҳои минбаъда боқӣ гузоштани обидаҳои таърихӣ, чунонки Пешвои миллат фармуданд: «қарзи шаҳрвандии ҳар фард дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».
Ба назари ман, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ ва ободу зебо намудани онҳо зарур аст, ки дар баробари барқарор сохтани обидаву ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, ба масъалаи тарғибу ташвиқи онҳо бо нишон додани қадимият, нодиру арзишнок будан, аҳамияташон барои таъриху тамаддун тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус, радиову телевизион, чораҳои зарурӣ андешем. Ҳамчунин, вақти он расидааст, ки Ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ, ки дар замони шӯравӣ фаъол буд, сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятиашро аз нав фаъол гардонида, бо такя ба олимону донишмандон ва ашхоси варзида дар кори тарғибу ташвиқи мероси гаронбаҳои ниёкон дар байни мардум ва ободу зебо шуданашон саҳми назаррас гузорад, — мегӯяд Муҳаммадҷон Гадоев.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»