Тасдиқи рамзи Иди байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019

№22 (3972) 26.02.2019

ramzi_navruz201922 феврал дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Иди байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ, ки аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст, тасдиқ гардид.

Он арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзӣ ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаи донишмандон, мардумшиносон, фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор, парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи Иди Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашн­гирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳама минтақаи кишвар маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак, инчунин, ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонии табиату инсонро тасвир месозад.

Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ­ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти «Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ» ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2019 насб намоянд.

Сохти (конструксияи) гузоштани суманак ва гули наврӯзӣ дар хиёбону кӯчаҳо низ омода ва манзур мегардад.

Дизайнерон дар ҳар шаҳру ноҳия метавонанд барои назди ҳавлиҳо, муассисаю корхонаҳо шаклҳои мақбултари конструксияҳоро тарҳрезӣ намоянд.

www.president.tj