Боғи марказии Бохтар симои нав мегирад

№23 (3973) 28.02.2019

 IMG_20190129_102847Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва саҳми соҳибкорони ватанӣ таъмиру азнавсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаев оғоз гардид.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр Ятимзода Валиҷон иброз намуд, ки барои навсозии боғ 1 миллион сомонӣ ҷудо ва муҳлати анҷоми корҳо то ҷашни Наврӯз муайян гардидааст. Бино ба гуфти ӯ, ҳамчунин, барои харидорӣ намудани 18 намуд атраксиони замонавӣ 3 миллион сомонии дигар низ пешбинӣ шудааст. Баъди навсозӣ гардидани боғ, дар баробари фароҳам омадани шароит барои истироҳат, наздик ба 70 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.

Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»