Душанбе шаҳри мақбули сайёҳон аст

№23 (3973) 28.02.2019

tadzhikistanДар ҷаҳони муосир сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромад ба ҳисоб рафта, баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз бо ин сабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва баҳри рушди он тамоми чораро меандешанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми декабри соли 2017) махсус қайд карданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, зикр гардид, ки барои рушди соҳа дар кишвар заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд.

Аз ҷумла, 18-уми июли соли 2017, таҳти №1450, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул гардид. 30-юми майи соли 2017, таҳти №1423, ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки мувофиқи онҳо даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз  фоида озод гардиданд (банди 7, қисми 1, моддаи 110), воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ) аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд (сархати ҳаштум, қисми 4, моддаи 169). Ҳамчунин, барои тақвият бахшидани кори соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, таҳти №258 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шои­стаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ин тадбир боис шуд, ки ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳо хусусан, шаҳри Душанбе, зиёд гардид.

Воқеан, имрӯз дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, ҳамчунин, ибтикору ташаббусҳои нек ва диду назари раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ симои пойтахт тайи 2 соли охир тағйир ёфт ва сарсабзу хуррам, ободтару зеботар гардид. Биноҳои зебову муосири замонавӣ, боғу бӯстонҳои фарҳангӣ – фароғатии нав бунёд, роҳравҳову роҳҳои нақлиётгард мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи сеқабата, майдонҳои хурди варзишии замонавӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва варзиши сабук, истгоҳҳои замонавӣ, ворид гардидани автобусу мошинҳои сабукрави нави замонавӣ ба шаҳр ва дигар ободонӣ ба пойтахт ҳусни тоза зам намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати оқилонаву одилона ва созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти соҳаи сайёҳии мамлакат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбат арзёбӣ гардид ва шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Илова бар ин, соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.

Зимнан, шаҳри Душанбе дар қатори даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардид, ки барои рушду инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Мояи сарфарозист, ки 28 сентяб­ри соли равон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – шаҳри Душанбе додани мақоми шаҳри фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул гардид.

Ҳоло шаҳри Душанбе бо боғу бӯстон ва кӯчаву хиёбонҳои сарсабзу гулпӯш, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, фазои орому осуда, марказҳои мухталифи хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд ба макони писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст.

Ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ба масъулин дастур дод, ки баҳри тақвияти хизматрасонии инфрасохтори сайёҳии пойтахт, аз ҷумла, ҷиҳати таҳияи харитаи сайёҳӣ, пешниҳоди рӯйхати ҷойҳои саёҳат ва ташкили курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва муоширати хуб бо меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, бозору марказҳои савдо, нақлиёти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва инчунин, таҳияи лоиҳаи мукаммалсозии инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Инчунин, бо мақсади дарк намудани аҳамияти сайёҳӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт ва таҳкими муносибати некбинона бо меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ масъулини сохторҳои марбута ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф карда шуданд, ки корҳои тарғиботӣ ва тарбиявию ахлоқиро дар миёни сокинони пойтахт тақвият бахшанд ва барои таъмини амнияти сайёҳон чораҷӯйӣ намоянд.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз имконияти мувофиқ, барои боз ҳам зебову дилпазир ва назаррабову писандида гардидан ва комилан ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтани шаҳри Душанбе хуб мешуд дарёи шӯху беқарори Варзоб, ки аз маркази шаҳр ҷорӣ гардида, ҳусни пойтахтро боз ҳам зебову ҷаззоб мегардонад, бо ҷалби коршиносону мутахассисони миллӣ ва байналмилалӣ, бо истифода аз техникаву технологияи муосир таъмиру азнавсозӣ карда, ба он киштиҳои хурд сар дода шавад. Ин амали нек метавонад ба буҷети давлат миллионҳо сомонӣ ворид намояд ва ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе мусоидат кунад. Ҳамчунин, ба ин васила соҳаи сайёҳӣ метавонад рушди устувор пайдо намояд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон