Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба низоми нави электронӣ гузаштанд. Барномаи мазкурро Кумитаи идораи замин дар ҳамкорӣ бо Раёсати андози вилоят роҳандозӣ кард.
Директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ Маснав Саидзокиров зимни муаррифии барнома гуфт, ки ин низом барои кормандони корхона имконият фароҳам меорад, ки дар зудтарин фурсат тавассути интернет молу мулки шаҳрвандонро ба қайди давлатӣ гирифта, асноду ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия карда, ба онҳо супоранд. Барнома шаффофияти ҳисобу китобро дар фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайрманқул» ва мақомоти андоз ба таври комил таъмин хоҳад кард ва батадриҷ амалҳои коррупсиониро дар ин ду ниҳод аз байн хоҳад бурд.
Дар гузашта шаҳрвандон барои ба қайд гирифтани молу мулки ғайриманқул саргардон мешуданд, ҳатто баъзан барои ба даст овардани имзои сардори ин ё он корхона ду-се рӯзро сарф мекарданд. Акнун ин мушкил бартараф шуд, шаҳрвандон аз як идора метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликиятро ба даст оранд. Бо ибораи дигар, агар қаблан дар як рӯз 20 ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ ба шаҳрвандон дода мешуд, ҳоло бо усули электронӣ дар як рӯз зиёда аз 100 ҳуҷҷату санади шаҳрвандонро ба расмият даровардан мумкин аст.
Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»