Некманиш

№28 (3978) 14.03.2019

давлатхоча назировСолҳост мехоҳам перомуни шахсияти воқеан ҳам раҳнамову некманиш, дорои зеҳни фавқулода борики нуктасанҷиву таҳлилӣ Давлатхоҷа Назиров чизе нависам, аммо фурсат даст намедод. Вале ин дафъа қатъӣ қавл додам, ки менависам. 

Бо ӯ рӯзгори донишҷӯйӣ ошно шудам, ки аз тарафи хадамоти амнияти давлатӣ, бахши донишсароҳои пойтахтро сарпарастӣ мекард ва ман омӯзишро дар донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба поён мерасондам.

Ба гуфтан меарзад, ки яке аз ҳунарҳои шоистаи давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷавононро дар рӯҳияи меҳрпарварӣ ба Ватан, ба Артиши Шӯравӣ ва дар зимн ба ниҳодҳои амнияти давлатӣ тарбият кардан буд. Ҷолиб он аст, ки дӯшизаҳои кишвари шӯравӣ аз миёни ҷавонон, пеш аз ҳама, сарбозон ва низомиёнро меписандиданд. Ба онҳо дил мебастанд ва аксар барои расидан ба висол ду сол ва агар ҷавон дарёнавард мебуд, се сол, дар интизори баргашту боздид номанависӣ мекарданд. Барои ҷавон ва падару модару хешовандони ӯ истихдом шудан ба сафи кормандони амнияти давлатӣ ифтихори вижа ба шумор мерафт. Ин ифтихор обишхӯри   он сарчашма буд, ки нахуст ба ин ниҳод касони содиқ ба Ватан, бодонишу ҷасур, ҳушманду хушзеҳн, орӣ аз худ­парастӣ, ғолиби нафс ва монанди ин фазилатҳои инсониро доро, истихдом мешуданд.

Дуюм, мундариҷаи адабиёти бадеӣ, кинематография  ва санъати театриву мусиқии шӯравӣ тавре танзим шуда буд, ки адибон беҳтарин асарҳои бадеӣ офарида, намодҳои барҷастаи шоёни пайравии ҷавононро бозтоб менамуданд. Яке аз он намоди барҷастаи синамои шӯравии солҳои 1968 – 1970, симои разведкачии шӯравӣ аз филми чаҳорқисмаи «Шамшер ва сипар»-и нависанда Вадим Кожевников буд. Дар он ҳунарманди бузург Станислав Любшин бо маҳорати баланд нақши разведкачии шӯравӣ Александр Беловро, ки бо номи афсари немис Иоҳан Вайс дар ситоди ҷосусии Вермахт вазифадор буд, иҷро кардааст. Коргардони филм, Владимир Басов бо коргирӣ аз симои дилкаши Любшин ва яке аз сурудҳои беҳтарин дар мавзӯи ватанпарастӣ, унвонии «Аз чӣ оғоз меёбад, Ватан?», бо овози дилрабои Марк Бернес тавониста буд дар дили ҷавонони он рӯзгор як эҳсоси бузурги меҳанпарастӣ ва эҳтироми самимӣ ба ходимони амнияти давлатӣ бикорад.

Бори нахуст чун бо Давлатхоҷа Назиров ҳамсуҳбат шудам, пеш аз ҳама, дар чеҳраи дилкаш, бо мӯйҳои бо тартиб шоназада, сарулибоси озодаи оҳарӣ, кафшҳои ба сони оина ҷилодор, гуфтори ботамкини аз лабони моил ба табассум берунбароварда, он қаҳрамони филмро дидам ва ба ростӣ ифтихор кардам, ки касоне шоён дар ниҳоди муҳими давлатӣ фаъолият доранд.

Давлатхоҷа Назиров, ки пас аз он суҳбат барои ман ва наздиконам «акаи Давлатхоҷа» унвон гирифт, дар гуфтумонҳои нахустин, донистаниҳои нодиреро баён доштанд, ки ба шунидани онҳо хеле ниёз доштам. Ин ҷониб дар миёни гуфтори ӯ нуктаҳоеро дарёфтам, ки ҳамчун дастуре буданд барои налағжидан дар фарозу нишебиҳои зиндагӣ, шинохти худ, атрофиён ва бегонагон.

Гумон мекунам дар бозшинохти худ­огоҳии миллӣ, ки бароям тариқати зиндагӣ мебошад, нақши акаи Давлатхоҷа хеле намоёну равшан аст. Пай бурдам, ки дар ниҳоди амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз миёни тоҷикон, ба вижа тоҷикони кӯҳнишин хеле кам касон маъмурият доранд ва аз ин камҳо хеле ба камӣ муяссар мегардад, ки то ба мартабаи «генерал» бирасанд.

Ёдам меояд, ки боре акаи Давлатхоҷа гуфт, «инсони комил дар куҷое набошад, кадом мартабаву мақомеро доро набошад, бояд ба мардум хидмати шоиста кунад. Ман рисолатро дар он мебинам, ки пеш аз ҳама, дар пеши ҳамкорон, ки бештар аз қавмҳои аврупоии русу украин иборатанд, бо рафтору кирдор симои миллати тоҷик­ро намоён созам. Онҳо дар кирдори ман ахлоқу андешаи пок ва зеҳну биниши нозукро дарёбанд ва дигарон бифаҳманд, ки ба тоҷикон дурӯягиву дурӯғгӯиву аҳдшиканӣ бегона аст, яъне ба хазинаи фарҳангофаринии халқҳо дурдонаҳои нобро бахшидаанд».

Ҳанӯз ҳам фаромӯш нашудааст, ки боре гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатиро барои гуноҳи ночизе мехос­танд аз таҳсил берун кунанд ва ҳатто парвандаи маъмурӣ ҳам дуруст шуд, вале бо хоҳиши зиёди Давлатхоҷа Назиров парванда қатъ гардид. Ва ё Раҳматуллои паҳлавонро, ки барои муштзанӣ бо ҷавоне, ки ба ҳамдиёрони ӯ носазогӯиву таҳқир раво дида будааст, амри хориҷ аз донишгоҳ баромад. Аммо бо пофишориҳои акаи Давлатхоҷа дубора ба таҳсил барқарор намуданд. Ман низ пас аз поён пазируфтани таҳсил дар донишгоҳ, мебоист бо роҳхат, барои идомаи таҳсил ва пажӯҳиши илмӣ ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Маскав мерафтам. Аммо чун падару модари бемор доштам, наметавонистам нақли макони зист ихтиёр кунам. Пайи дарёфти ҷои кор сарсон, рӯзе устоди донишгоҳиам, равоншод Файзалӣ Наҷмоновро дидам ва аз он кас фаҳмидам, ки дар факултаи шарқшиносии донишгоҳ ҷойи корӣ ба сифати ёвари донишёр (ассистент) мавҷуд будааст, ки аз рӯи муқаррарот мебоист бандаро ҳамчун хатмкардаи комёб ба он пешниҳод мекарданд, вале пинҳон дошта, бародарзодаи шахси баландҷойгоҳро истихдом намуданд. Устод тавсия дод, ки қазияро ба Давлатхоҷа Назиров баён созам ва чунин ҳам кардам. Ҳамон ҳафта барои ишғоли ҷойи корӣ озмун эълон гардид ва банда дар он комёб гашта, соле аз забони форсӣ ба шогирдон дарс додам. Баъд маълумам гашт, ки акаи Давлатхоҷа ба ноиби ректор Приписнов телефон карда, риоя намудани муқаррароти давлатиро дархостааст. Ончуноне пай бурда мешавад, он кас зоҳиран гӯё барои комёбии ман миёнаравӣ накардааст. Танҳо адолати иҷтимоиро ба роҳ андохтааст. Ба гумони ман, ин аст рисолати инсонӣ: парвардани истеъдодҳо ва дасти ёрӣ дароз кардан ба нотавонон.

Ба ҳамон нозукиву печидагиҳо, бо чашми таҳлил нигариста, ӯ якчанд асари пурарзиш таълиф намудааст, ки дар миёни онҳо китоби «Терроризм чеҳра надорад» ниҳоят гӯёву расо мебошад. Пас аз мутолиаи он бо дарёфти мисолу намунаҳои зинда кас ба пайдоиш, инкишоф ва роҳҳои густаришу интишори терроризм ба воситаи бовариҳои динии мардуми мусулмон, ба равшанӣ дармеравад.

Агар бигӯям, ки Давлатхоҷа Назиров рӯзгори худро ба дарёи пурмавҷи корҳои эҷодӣ афканда, барои осудагии мардум, барои нигаҳбонии амнияти кишвар, меҳри Ватанро дар дили ҷавонон ғунҷондан, фаъолияти ба чашм намоёнтаре кардааст, иштибоҳ нахоҳам кард. Ин шахсияти ба маънии пурра фидоии меҳан, яке аз талошҳои эҷодии худро ба кори пурзаҳмати ҷустуҷӯ ва бознависии саргузашти мардуми диёр бахшида, дар ин маврид чанд китоб таълиф кард. Аз хондани онҳо ба заҳматкашии хориқулоддаи муаллиф кас наметавонад дар ҳайрат намонад. Дар пурсуҷӯи сарнавишти инсонҳо, дар ҷустори воқеан мӯшикофонаи таҳаммулнопазир, рӯ овардан ба бойгониҳои давлативу шахсӣ, сафарҳои пайваста ба деҳот ва соири ранҷбардории муаллиф, хонандаи нуктасанҷ як сина меҳри эҷодгарро ба мардуми созанда, бунёдгарони зиндагӣ, ба меҳанпарастон мебинад.

Давлатхоҷа Назиров, хушбахтона, дар гирудори рӯзгор чеҳраи дилкаш ва қомати зебои худро набохтааст. Обутоби дар мактаби сарбозиву афсарӣ гирифтааш ҳоло низ ба ӯ пайкари болида, тартиби роҳравиву сухангустарии шахси солиму андешамандро нигаҳ доштааст.

Бошад, ки боз солиёни зиёд бо неруи хастанопазир ва тани боофият, дар хизмати мардум, бахусус, ҷавонони бедордил саҳмгузор бошад.

Зафар МИРЗОЁН