11 март дар толори Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки доираи васеи алоқамандону кормандони ВАО Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид.
Дар оғоз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода сухани табрикӣ карданд.
Сипас, Зафар Мирзоев, Зариф Ғулом, Ҳафиз Раҳмон (дар бахши матбуот) ва Умедҷон Ҷумаев (дар бахши телевизион) бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва як нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ сарфароз гардиданд.
Аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба як қатор собиқадорони нашрияҳо сипосномаю кумаки пулӣ супорида шуд. Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки миллии ҷумҳурӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва иттиҳодияҳои эҷодиро бо диплому ифтихорнома ва кумакҳои пулию туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд. Ҳафтаномаи «Омӯзгор» — нашрияи сол, «Фарҳанг» — радиои сол, «Баҳористон» — телевизиони сол, «Сарзамин» — маҷаллаи соҳавии сол, дастрастарин мақомот — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастрастарин маркази матбуот — Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сармуҳаррири сол — Шариф Ҳамдампур, агентии хабарии сол — АМИТ «Ховар», ношири сол — «Шарқи озод» ва журналисти сол — Холмаҳмад Мавлонов (пас аз марг) эълон гардиданд.
Ба як қатор кормандони соҳа нишони «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг» ва «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»