16-уми марти соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба созандагию бунёдкорӣ таҳти шиори «Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?» ба ҳашар баромаданд.
Онҳо бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ҷидду ҷаҳд доранд, ки 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Иштирокчиёни чорабинӣ, ки беш аз 100 нафарро ташкил медоданд, саҳни ҳавлии Маҷлиси намояндагонро тоза, бехи дарахтонро нарм, шоху навдаҳои ниҳолонро ба тартиб дароварда, ҷо-ҷо корҳои тармиму таъмирро низ ба анҷом расонданд.
- Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинӣ тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ мебошад, — гуфт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон