Барқияҳои табрикӣ

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

Бисту якуми марти соли 2019 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Нурсултон Назарбоев, Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон, зимни паёми худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни барои халқҳоямон муштарак — Наврӯз қабул намоед. Бигзор ҷашни Наврӯз, ки ба динҳо ва забонҳо тақсим карда намешавад ва ба ваҳдату шукуфоӣ даъват намуда, ба инсоният некӣ мебахшад, барои мардумонамон рифоҳият ва хушбахтӣ орад.

Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамаҷонибаи Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар заминаи дӯстии қавӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, минбаъд низ идома ва рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ман ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, муваффақият ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

****

Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо самимият Шумо ва тамоми мардуми бародари тоҷикро бо Иди Наврӯз, рӯзи бедоршавии табиат ва эҳёи зебогиву озодагии он табрик менамоям.

Иди Наврӯз, ки аз ҷониби ҳамаи мардуми минтақа ҷашн гирифта мешавад, табиат, урфу одат ва арзишҳоро маҳфуз дошта, барои амалӣ намудани орзуҳои нек ва умедвориҳо ба мо неруи нав ва ғайрат мебахшад.

Бо камоли майл мебинем, ки солҳои охир дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак ва иродаи сиёсии мо муколамаи созанда дар сатҳи олӣ – шарикии стратегӣ бурда мешавад, ки он бар боварии муштарак ва эҳтиром миёни мо асос ёфтааст.

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба Шумо, дӯсти азизи ман, умри дароз ва хушбахтии оилавӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон  осоиш ва рушд таманно дорам».

****

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам Шумо ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо Иди Наврӯз табрик менамоям.

Ин иди баҳорӣ рамзи бедоршавӣ ва зиндашавии табиат, симои нав дар табиат мебошад, ки бо худ рӯҳияи баланд оварда, инсонро ба некӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ ҳидоят менамояд.

Боварии комил дорам, ки мардумони мо, ки урфу одатҳои Наврӯзро маҳфуз доштаанд, дар оянда низ ҳамаи кӯшишу ғайрати худро баҳри тақвият бахшидан ва нигоҳ доштани дӯстию ҳамкорӣ байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон равона месозанд.

Дар ин рӯзи муборак ба Шумо саломатӣ ва хушбахтӣ, ба мардуми Тоҷикистон осоиш ва рушд орзумандам».

****

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо шарафмандӣ ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ирсол медорам.

Иди Наврӯз, ки ҳамчун қисми ҷудонопазири мероси ғании фарҳангии тамоми башарият эътироф гардидааст, рамзи эҳёи табиат, тантанаи ҳаёт ва зебогии баҳор мебошад. Ин ҷашни фархунда анъанаҳои эҳтироми ҳамдигарӣ, сулҳдӯстӣ ва накуҳамсоягиро дар худ фаро гирифта, дар таҳкими ваҳдат ва дӯстӣ миёни мардумон мавқеи хоса дорад.

Бигзор ин ҷашни фархунда барои Шумо ва ҳамаи мардуми дӯсти давлати Шумо хушбахтӣ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ биорад».

****

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар барқияи худ унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Дар арафаи фарорасии иди миллии Тоҷикистон — ҷашни Наврӯз, ман бо арзи эҳтиром аз номи ҳукумат ва мардуми Хитой ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти идона иброз медорам.

Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам. Ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон хушбахтиву амонӣ таманно дорам».

****

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо камоли масаррат оғози соли 1398 — и ҳиҷрии шамсӣ ва фаро расидани Наврӯзи бостонӣ ва гушоиши чеҳраи дилангези баҳорро табрик ва таҳният мегӯям.

Ҷорӣ шудани суруди тарабангези Наврӯз, шукуфтани шукуфаҳо, сабз шудани ҷони табиат ва нағмаи парастуи баҳорӣ, ҳама ва ҳама нишон аз қудрати фанонопазири Илоҳӣ, фориғ шудан аз куҳнагиҳо, ба фаромӯшӣ супурдани сардии зимистон ва таҷдиди зебоӣ ва меҳрубонӣ аст. Умедворам бо гарм шудани ҷони замин ва оғози растохези табиат, нигариш ва андешаи одамиён ҳамчун рӯзгорашон нав гардад ва бо илҳом аз меҳрубонии баҳор, беш аз пеш ба якдигар шафқат ва меҳрубонӣ варзанд ва соли ҳамроҳ бо оромиш ва саршор аз ишқро оғоз кунанд ва мо — давлатмардон битавонем ба воситаи вазиши мавсими шайдоии баҳор, заминаи сулҳ ва якпорчагии ногусастании миёни миллатҳоро фароҳам намуда, некуаҳволӣ ва шукуфоии фузунтареро ба мардумонамон пешкаш намоем.

Аз Худованди мутаол соли саршор аз умед, сурур ва беҳрӯзиро барои Ҷаноб ва мардуми Тоҷикистон масъалат дорам».

****

Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди баҳории Наврӯз самимона шодбош мегӯям.

Аз замонҳои қадим то ин рӯз рамзи эҳё ва эътиқод ба ояндаи беҳтарин маҳсуб меёбад. Бигузор ҷашни Наврӯз ба ҳар оила хушбахтӣ, рафоҳат, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳ орад.

Муътақидам, ки кӯшишҳои муштараки мо, ки ба таҳкими муносиботи дуҷониба равона гардидаанд, минбаъд низ ба густариши ҳамкориҳо миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тансиҳатӣ, рифоҳ ва дар фаъолияти масъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

****

Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Иҷозат диҳед ба муносибати фаро расидани соли нави 1398 ҳиҷрии хуршедӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз самимонатарин табрикотро аз номи худ ва мардуми Афғонистон ба Шумо, Ҷалолатмаоб ва мардуми бародари Тоҷикистон иброз намоям.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвони яке аз арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва дерина равобиту дӯстии кишварҳои моро маҳкамтар намудааст.

Орзумандам бо оғози соли ҷадид, кӯшишҳои ҳамгунаи мо ва тамоми кишварҳои ҳавзаи ин мероси арзишманд барои наздикии миллатҳои ба ҳам бародар бештар гардад.

Ман як бори дигар ин муносибати муштаракро муборакбод мегӯям, сиҳатӣ ва муваффақияти Ҷалолатмаоб ва саодатмандии мардуми Тоҷикистонро орзумандам».

****

Дар табрику таҳнияти Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ чунин омадааст:

«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо масаррати фаровон, беҳтарин ва самимонатарин табрикоти қалби хеш, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати фарорасии соли 1398 — и хуршедӣ ба Ҷалолатмаоб ва мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим дошта, муқаддам баҳори пуртароватро бароятон табрик мегӯям.

Таҷлили ҳамагонӣ аз Наврӯз баёнгари эҳёи сунани писандида ва фарҳанги бостонии мардуми кишварҳои узви ҳавзаи Наврӯз буда, гиромидошти он мазҳари ҳамбастагӣ ва ваҳдати бештар миёни кишварҳо ва мардуми ин ҳавза мебошад.

Аз даргоҳи Худованди бузург риҷомандам, то соли пешрав мубашири беҳрӯзӣ, рифоӣ ва шукуфоии бештари мардуми кишварҳои узви ҳавзаи Наврӯз ва бавижа мардуми бародару дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Орзумандам дар соли пешрӯ равобити нек ва дӯстонаи мавҷуда миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо таҳким ва густариши бештар ёбад.

Дар фарҷом, афзун бар таҳнияти муҷаддади соли нав, сиҳатӣ ва муваффақияти Ҷалолатмаоб Шуморо тавъам бо рифоҳ ва тараққии рӯзафзуни мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боргоҳи Эзиди маннон масъалат дорам».

****

Бисту сеюми марти соли 2019 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуд.

****

Дар номаи табрикотии Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Ман ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи масрур ва фархунда орзу менамоям. Дар ин иди пуршукӯҳ, аксарият дар Амрико ва атрофи ҷаҳон якҷоя эҳё ва азнавшавии табиатро ҷашн мегиранд.

Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир якҷо барои ҳалли мушкилиҳо ҳамкорӣ менамоянд. Ман хурсандам, ки миллатҳои мо дар мубориза бар зидди терроризм, ки ба беҳбудии тоҷикон, америкоиҳо ва ҳамаи мардуми олам хатар эҷод менамояд, шарикони наздик мебошанд.

Дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ ман қаноатмандам, ки тиҷорати америкоӣ имкониятҳои нави ҳамбастагӣ бо Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад. Наврӯз муборак!»

****

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сипоси бепоёни маро ҷиҳати табрикоти самимиятон ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай қабул намоед.

Наврӯз мавқеи хубест барои тараннуми ҳаёт ва таҷлили зиндагӣ ва эҳсоси азнавсозиву эҳёи табиат, ки аз омад — омади баҳор дарак медиҳад.

Ба муносибати ин рӯзи саид ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ ва хушбахтӣ ва ба мардуми Тоҷикистон пешравиву шукуфоии доимиро орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медонам».

www.president.tj