22 марти соли 2019
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, оини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон — Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.
Бо истифода аз фурсат бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинону меҳмонони пойтахт ва ҳамаи шумо — ҳозирини тантанаҳои имрӯзаро ба ифтихори Наврӯзи фархундапай, ки дар Наврӯзгоҳи зебои шаҳри Душанбе баргузор мегардад, самимона табрик мегӯям.
Таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва таври шоиста инъикос кардаанд.
Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад. Ҳоло хурду бузурги кишварамон ба Наврӯз ва суннату оинҳои он арҷ мегузоранд, барои дар сатҳи баланд доир намудани он омодагӣ мегиранд ва ин суннати деринаро бо шодмониву нишоти хосса таҷлил мекунанд.
Мутафаккири бузурги халқамон Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро «пешонаи сол» ҳисобида, ин оини мардумиро оғози эҳёи табиат ва омили баракати заҳмати деҳқон ва фаровонии хони мардум медонад.
Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла пойтахти он, мебошад. Қомат афрохтани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, толору майдонҳои варзишӣ, инчунин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ низ, ки натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёрамон мебошад, нишонаи возеҳи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии ҳамватанонамон, аз ҷумла сокинони пойтахти азизамон ба ҳисоб меравад. Бовар дорам, ки дар оянда низ чунин амалҳои созанда вусъати бештар касб мекунанд ва то 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавассути бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам обод гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонони пойтахт шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.
Мо солҳои 2019 — 2021 — ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардем. Итминон дорам, ки соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланд, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мо дар пойтахт ибтикороти нави созандаро амалӣ месозанд. Айни замон дар кишвари азизамон татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ — саноатикунонии мамлакат оғоз шудааст. Эътимоди комил дорам, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҳамин роҳ барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, бахусус, ҷавонони шаҳр, шароити мусоид фароҳам меоранд.
Бо умеди он ки Наврӯзи имсола боиси фатҳу кушоишҳои нав барои ҳамватанони азизи мо хоҳад гардид, бори дигар ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони пойтахт ва шумо — ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.
Наврӯз муборак бошад!