Соли равон низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) бояд ба шакли электронӣ ҷорӣ гардад, ки ба ҳимояи беҳтари ҳуқуқҳои шаҳрвандон, хизматрасонии хушсифат аз ҷониби мақомоти САҲШ мусоидат намуда, ҳамчунин баҳри минбаъд таъсис додани ҳукумати электронӣ замина муҳайё месозад. Матлаби зер дар бораи чӣ гуна иҷро шудану ба кадом ҳадафҳо расидан, инчунин ҷараёни амалисозии ислоҳот дар низоми САҲШ маълумот медиҳад.
Созмони Милали Муттаҳид САҲШ-ро ҳамчун «сабти бетанаффусу мунтазам ва ҳатмиву умумии ба вуҷуд омадан ва хусусияти рӯйдодҳои демографӣ» муайян кардааст. Далели зарур будани низоми амалкунандаи САҲШ барои ҳар як давлат далели умумиэътирофшуда мебошад. Он шарти заруриест барои шароит фароҳам сохтани имконот ҷиҳати истифодаи ҳуқуқҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба маълумот ва тандурустӣ. Ғайр аз ин, сабти ақди никоҳ таркиби муҳими ҳимоя аз ҳуқуқ ба моликияти занон ва кӯдакон дар оила мебошад. Аммо барои роҳандозии фаъолияти пурсамари низоми САҲШ лозим аст, ки он ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошад.
Дар мамлакат рӯйи такмили ин низом чанд сол аст, ки кор мекунанд. Айни замон лоиҳаи Барномаи рушди СММ (БРСММ) – «Дастгирии ислоҳоти низоми САҲШ» мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (SDC) маблағгузорӣ мешавад. Шарики асосии он Вазорати адлия буда, шарикони дигар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоатҳо ва дигар мақомот мебошанд. Марҳилаи аввали лоиҳа январи соли 2016 оғоз ёфта, то ноябри соли 2019 татбиқ мешавад.
Ба гуфтаи муовини вазири адлияи Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ислоҳот дар низоми САҲШ на танҳо барои аксар шаҳрвандон, ки пас аз амалишавии он ба хизматрасонии хушсифат ва саривақтӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, балки, дар маҷмӯъ, барои кишвар муҳим аст.
- Тоҷикистон дар роҳи таъсиси ҳукумати электронӣ қарор дошта, низоми электронии мураттаби роҳандозишудаи САҲШ заминаи асосӣ барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо маҳсуб меёбад, — мегӯяд Шаҳноза Нодирӣ. – Низоми электронии САҲШ дар бораи беш аз нуҳ миллион нафар маълумот дошта, барои низомҳои иттилоотии ҷумҳурӣ замина шуда метавонад. Ғайр аз ин, рақамӣ кардани асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар бойгониҳои гуногуни кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, аҳолӣ дар мамлакат ва берун аз он бидуни талафи вақти зиёдатӣ, кашолкорӣ ва расмиётчигӣ ҳуҷҷатҳои заруриро дастрас карда метавонанд. Зеро ислоҳот имкон муҳайё месозад, ки хизматрасонии давлатӣ барои шаҳрвандон хушсифату дастрас пешниҳод шавад.
Айни замон ба як дафтари кории САҲШ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 123 (!) ҳазор нафар одам рост меояд.
- Гузаштан ба низоми электронии САҲШ сарбории кормандони мақомотро сабуктар сохта, ба ин васила вақт барои коркарди ҳуҷҷатҳо камтар мешавад, — шарҳ медиҳад Шаҳноза Нодирӣ. – Ғайр аз ин, минбаъд тарзи электронии пешниҳоди аризаҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд, ки ба аз байн бурдани навбатпоӣ ва пешгирии ҳама гуна навъи ҷиноятҳои коррупсионӣ имкон медиҳад.
Аз моҳи апрели соли 2019 дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми иттилоотии САҲШ ба нақша гирифта шудааст. Масъалаи ҷорисозии сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои бойгонии САҲШ 20 феврали соли 2019 дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин гувоҳи он аст, ки Сарвари давлат ба масъалаи ислоҳот дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар аз 26 ноябри соли 2018 ҷиҳати таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо дар самти ҷорисозии низоми иттилоотии САҲШ, роҳандозии ҳамкории мутақобила байни низоми иттилоотии САҲШ ва дигар низомҳои электронии вазорату идораҳо дар соҳаи САҲШ, Гурӯҳи байниидоравии корӣ таъсис дода шуд. Дар ин робита бастаи лоиҳаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шудааст, ки ба роҳандозии Низоми ягонаи электронии САҲШ шароит фароҳам меоранд, зеро дар қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» танзими роҳандозии тарзи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ нашудааст.
Дар бораи муҳим ва зарур будани ислоҳот дар низоми САҲШ коршиносони байналмилалӣ низ изҳори назар карданд.
- Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ 20 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар самти гуногун, ки ҳар кадоме аз онҳо ба рушди кишвар нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад ва риояи ҳуқуқҳои инсон шарти ҳатмӣ мебошад, — мегӯяд муовини роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба рушд хонум Корин Деманж. – Низоми САҲШ таҳкурсии асосӣ барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон, амнияти ҳуқуқии онҳо шуморида мешавад, аз ин рӯ, дафтари кории мо аз ин лоиҳа дастгирӣ мекунад.
Корин Деманж шарҳ медиҳад, ки низоми САҲШ ҷиҳати таъмини кафолатноки ҳуқуқҳои шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорад ва дар ҳама ҳолат муҳим аст, зеро ба ташкили дақиқи рӯйхатҳо бар асоси рақамҳои воқеӣ имкон медиҳад.
- Мо мефаҳмем, ки бо дастгирии ислоҳот дар низоми САҲШ ҳам ба Давлат ва ҳам ба мардуми одӣ нафъамон мерасад, — мегӯяд хонум Деманж.
Корин Деманж изҳор мекунад, ки шарикони Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар самти амалисозии ислоҳот дар низоми САҲШ, баробари Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин шарикони байналмилалӣ, аз қабили БРСММ, Фонди СММ оид ба нуфус, СММ – Занон, ҳамчунин ширкати байналмилалии Эпос мебошанд, ки Низоми иттилоотиро барои САҲШ таҳия мекунанд. Ҳукумати Швейтсария, ки нақшаҳоро тасдиқ намуда, ба ҳаллу фасли вазифаҳо кумак мекунад, низ шарики муҳим ба шумор меравад.
- Ва, албатта, шарикони асосӣ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, ки дар кори баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи ҷараёни ислоҳоти роҳандозимешуда, муҳимияти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва ҷалби аҳолӣ ба ин раванд саҳми босазо мегузоранд, — мегӯяд Корин Деманж.
Ӯ зикр мекунад, ки мувофиқи амалисозии лоиҳа, имсол дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани низоми электронии САҲШ оғоз мегардад.
– Тирамоҳи соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки соли 2019 низоми электронии САҲШ ҷорӣ мешавад. Мо аз ин қарор истиқбол намуда, дарк менамоем, ки наздамон барои фаъолият майдони фарох боз мешавад ва аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дигар ташкилотҳоро даъват мекунем, ки ҷиҳати ҳалли вазифаҳои муҳим ҳамроҳ шаванд, чунки хостори ҳамкорием. Ин майдони кушоди фаъолият барои хоҳишмадон аст, — тавзеҳ медиҳад Корин Деманж.
Тӯли се соли амалисозии лоиҳа дар Тоҷикистон оид ба омода кардани лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳо, ҳамчунин коркард ва такмили санадҳои дохилӣ ва зерқонунӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шуд. Масалан, то ҳол дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии низоми электронии САҲШ зикр нашудааст, аз ин рӯ, расман ҷорӣ кардани низоми нав алҳол ғайриимкон мебошад.
Соли равон Парлумони мамлакат тағйироту иловаҳоро ба қонунҳо баррасӣ намуда, сипас, ҷорӣ намудани қоидаҳои нав шурӯъ мешавад.
- Қонунҳо таҳкурсие мебошанд, ки ба ҷорисозии қоидаҳои техникӣ имкон медиҳанд, — идома медиҳад Деманж. – Алҳол қайдҳо дар низоми САҲШ дар коғаз дарҷ меёбанд ва пешниҳод мекунем, ки ҳама ба шакли электронӣ гузаронида шавад, зеро дар ин ҳолат сифати кор беҳтар хоҳад шуд.
Муовини роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ қайд мекунад, ки айни замон, дар ҳамдастӣ бо Вазорати адлия, дар самти дастрас намудани сертификатсияи пурраи низоми электронии САҲШ корҳо ҷараён доранд.
- Ин низом аз лиҳози бехатарӣ ва нигаҳдории маълумот аз сертификатсия гузаштааст, — мегӯяд ӯ. – Он низоми ҷиддии хизматрасонии давлатӣ буда, махсус барои Тоҷикистон таҳия шудааст. Барои кор рӯйи он таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ низ истифода шудааст.
Ба қавли Корин Деманж, кишвари асосие, ки барои таҳияи низом аз таҷрибаи он истифода шуд, Ҷумҳурии Молдова мебошад. Пас аз таҳлили ҳамаҷониба, маълум шуд, ки маҳз шароити Молдова бештар ба шароити Тоҷикистон ва имконоти технологии он наздиктаранд.
Паҳлуи дигари муҳими амалисозии ислоҳот дар низоми САҲШ кор бо аҳолӣ шуморида мешавад. Истеъмолгарони асосии хизматрасонии давлатӣ аҳолӣ мебошад ва онҳо бояд бидонанд, ки низом чӣ гуна кор мекунаду то кадом андоза пурсамар аст ва чӣ хел афзалиятҳо дорад.
- Дар нақшаи кор бо аҳолӣ якчанд самт муқаррар шудааст: дар Вазорати адлия «Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ (маърифатнокӣ)-и ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаҳои САҲШ» таҳия ва моҳи январи соли 2019 бо фармоиши вазири адлия тасдиқ шуд, ки солҳои 2019-2020 дар амал татбиқ мешавад. Мувофиқи он, кормандони мақомоти САҲШ қоидаҳои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ғайр аз ин, бо аҳолӣ тавассути Фонди СММ дар соҳаи нуфус, СММ-Занон ва ташкилотҳои ҷамъиятии дигар кор мекунанд. Бо кумаки шарикон аҳолӣ, бахусус, сокинони минтақаҳои дурдасту кӯҳистон низ, огаҳ карда мешаванд.
Лилия Гайсина, рӯзноманигор