17 апрели соли равон ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд.
Тавре аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад.