23 апрели соли ҷорӣ шоири шинохтаи тоҷик Озар Салим барандаи ҷоизаи «Килки заррин» гардид. Дар ин бора сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шарофиддин Имомов иттилоъ додааст.
Озмун аз соли 2010 бо иқдоми Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир мешавад ва ба он шоирону нависандагони форсизабон китоб ва ашъор пешниҳод мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2018 ин ҷоизаро шоири тавонои тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ соҳиб гардида буд.
Озар Салим зодаи ноҳияи Восеъ буда, алҳол дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Соли гузашта бо эҷоди шеъри «Модар фаришта буд» бештар машҳур гардид. Бояд қайд кард, ки дар як соли ахир беш аз 20 сарояндаи тоҷик, аз ҷумла Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Эркин Одинаев, гурӯҳи «Сорбон», Содиқ Холов, Фаридуни Хуршед ва Хосияти Зарафшонӣ ба ин шеър оҳанг баста, суруданд.
Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Садои мардум»