Мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

№47 (3997) 27.04.2019

33817639938_7035006b73_o25 апрел дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд, ки дар он маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ ва нақшаву дурнамои муносибатҳои неки дӯстию ҳамҷаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо Шавкат Мирзиёев изҳори хушӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як вохӯрии сатҳи олӣ барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни кишварҳо саҳми назаррас мегузорад.

Сарони давлатҳо аз вазъи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки муносибатҳо, ки бар анъанаҳои бою таърихӣ ва эҳтирому эътимоди байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, омили муҳими ба сатҳи нави ҳамкорӣ баровардани робитаҳо бар нафъи мардуми ҳар ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо рӯйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Ӯзбекистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки бо талошҳои дуҷониба, барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳа заминаи боэътимод фароҳам хоҳанд овард.

Дар суҳбат татбиқи санадҳои нави баимзорасида ва фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ махсус таъкид шуд.

Қайд гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 62 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек корҳо дар самти диверсификатсияи молу маҳсулот, хизмат­расонӣ ва фаъолгардонии тиҷорат идома дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол ба 500 миллион доллари америкоӣ расад.

Сипас, оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалӣ кардани барномаҳо оид ба сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳар ду кишвар, инчунин, ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла, баргузор кардани «Рӯзҳои фарҳанг» дар кишварҳо, таъмини шароити созгор барои рафтуомади шаҳрвандон табодули андеша сурат гирифт.

Масъалаҳои байналмилалию минтақавӣ аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буданд.

www.president.tj