Бисту панҷуми апрели соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Масоили мубрами рушди деҳот дар Тоҷикистон: воқеият ва дурнамо» баргузор гардид.
Муовини директори маркази зикршуда Парвиз Муҳаммадзода изҳор дошт, ки бо дарназардошти муҳимияти рушди деҳот, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд. Бино ба гуфти номбурда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди деҳот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, мунтазам дар гӯшаву канори кишвар иншооти гуногуни инфрасохторӣ ба истифода дода мешавад. Таъкид гардид, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 20149 иншоот ба нақша гирифта, то ҳол 2944-тои он ба истифода дода шуд.
Намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Саидғуфрон дар мавзӯи «Инкишофи заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди деҳот ва вазъи татбиқи онҳо» суханронӣ намуд. Бино ба гуфти ӯ, ин масъалаҳо дар 40 қонун инъикос ёфтаанд. Абдулло Саидғуфрон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»-ро шарҳ дода, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки меъёрҳои он аз ҷониби масъулини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар сатҳи зарурӣ иҷро карда намешавад. Бино ба гуфти ӯ, ба истиснои ВМКБ, то ҳол барномаҳои рушди шаҳрак ва деҳот дар ягон шаҳру ноҳияи кишвар таҳия ва тасдиқ нашудааст.
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Латифзода дар мавзӯи «Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — омили пешрафти соҳибкории занон» маърӯза кард. Аз суханони номбурда маълум гардид, ки шурӯъ аз соли 2006 ҳар сол грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону духтарон ҷудо шуда, дар баланд бардоштани малакаи занон ва бо шуғл таъмин кардани онҳо саҳми назаррас гузошт. Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки аз соли 2013 гранти раиси вилояти Суғд ва аз соли 2016 гранти раиси вилояти Хатлон барои занон таъсис ёфтанд.
Дар мавзӯи «Вазъи маорифи деҳот: мушкилот ва дурнамо» намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳар сол даҳҳо бинои замонавии муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат мерасонад. Бино ба иттилои номбурда, аз 3877 муассисаи таълимӣ 3288-тои он дар деҳот мавҷуд буда, айни замон 744 муассиса таъмирталаб аст.
Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимзода дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи рушди имкониятҳои ҷавонони деҳот», кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов ва Фирӯз Равшаналиев мутаносибан дар мавзӯъҳои «Вазъи сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон: монеаҳо ва имкониятҳо» ва «Аҳамияти эълон кардани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»