Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» чорабиниҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ ва экологии мавзеи фавқуззикр рабтдоштаро дар сатҳи баланду сифати хуб амалӣ намуда истодааст
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро давоми солҳои охир дар се самти хеле муҳим — раҳойии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ таври густурда ба роҳ монда, дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар заминаи бунёди роҳу нақбҳои аҳамияти стратегидошта ҷумҳурӣ пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, ба шарофати истифодаи самараноки обу замин ва иқлими мусоид амнияти озуқавории давлат таъмин шуд.
Норасойии неруи барқ дар фасли зимистон бошад, ҳанӯз ба сифати мушкили рӯз боқӣ монда, ба қавли коршиносони соҳа, дар сурати амалӣ намудани як силсила иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ рафъи он имконпазир аст. Ба шарофати сохта, мавриди истифода қарор додани як силсила неругоҳҳои хурду миёна шиддати норасойии барқ дар мамлакат таври назаррас коҳиш ёфт, вале, ба андешаи мутахассисон, ягона роҳе, ки моро метавонад аз ин мушкил раҳонад, бунёди НБО-и «Роғун» аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро масъалаи ҳаёту мамоти мамлакатамон арзёбӣ кардааст, зеро, дар ҳоле ки баъзе кишварҳои минтақа ба шарофати оби аз рӯдхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоришаванда иқтисодиёти худро таҳким бахшида истодаанд, аҳолии Тоҷикистон ҳар сол давоми шаш моҳ азияти бебарқӣ мекашад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи иқдомоти Ҳукумат бобати вусъат бахшидани корҳои барқарорсозӣ дар ин иншооти муҳиму тақдирсоз маҳсуб ёфта, фаъолияти он ба татбиқи чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва экологӣ нигаронида шудааст. Сарварии ин муассиса ба зиммаи мутахассиси собиқадор ва масъулиятшинос Рамазон Мирзоев вогузор гардидааст.
Аз суҳбат бо номбурда маълум гардид, ки аз замони таъсис, яъне 10 ноябри соли 2010 то ин замон муассиса корҳои зиёд анҷом додааст. Фаъолияти сохтори мазкур гуногунсамт буда, тартиб додан ва ба мувофиқа расонидани рӯйхати унвонии дохилии иншоот бо ташкилотҳои сохтмонии пудратчӣ, муайян кардани вазифа ва ба мувофиқа расонидани ҷадвали таъмини сохтмон бо ҳуҷҷатгузории лоиҳавию хароҷотӣ бо ҷалби ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва назорат оид ба иҷрои онҳо, аз ташкилотҳои ҷустуҷуйӣ ва лоиҳакашӣ қабул намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию ҷустуҷуйӣ барои сохтмон, санҷиши сифат, мукаммалӣ ва саҳеҳии ҳуҷҷатгузорӣ ва ба ташкилотҳои сохтмонии пудратчӣ супоридани онҳо, таъмин намудани сохтмон бо таҷҳизоти технологӣ, энергетикӣ, электротехникӣ, дастгоҳҳо ва масолеҳи зарурӣ, гирифтани иҷозат барои буридани ҷангал, кӯчонидани иншооту биноҳо дар мавриди зарурӣ, кӯчонидани қабристонҳо, ёдгориҳои таърихию археологӣ бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист, кӯчонидани аҳолӣ аз биноҳое, ки барои вайронкунӣ пешбинӣ шудаанд, аз ҷумлаи мақсад ва вазифаҳои он мебошанд.
Масъалаи асосие, ки зимни суҳбат бо Рамазон Мирзоев ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардид, раванди кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда, ҷуброни манзилҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони онҳо, ки барои вайронкунӣ пешбинӣ шудаанд, маҳсуб меёфт. Маълум шуд, ки вобаста ба бунёди иншооти фавқуззикр дар маҷмуъ, аз шаҳри Роғун ҳашт деҳа бо 438 хонавода ва аз ноҳияи Нуробод 44 деҳа, ки дар онҳо 5022 хонавода зиндагӣ мекунанд, кӯчонида мешаванд. То ин замон шиносномаи техникии 1974 хонавода омода ва арзиши 1900 манзили истиқоматӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон муайян шудааст. Ба хонаводаҳое, ки аз минтақаи зериобшаванда кӯчонида мешаванд, дар ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода барои бунёди манзили истиқоматӣ ва таъсиси хоҷагиҳои ёрирасон 1534 қитъаи замин ҷудо шудааст. Рамазон Мирзоев гуфт, ки ҳоло дар минтақаҳои зикргардида бунёди 831 манзили истиқоматӣ ҷараён дошта, 216 хонаводае, ки аз минтақаи зериобшаванда кӯч баста буданд, дар ин мавзеъҳо ба сар мебаранд. Ҳамсуҳбатам ҳамчунон гуфт, ки аз замони таъсиси сохтор то ин замон ба 902 хонаводаи барои кӯчонидан пешбинишуда 76,4 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт гардидааст. — Мо тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаем, ки дар нархгузорӣ ва пардохти ҷубронпулӣ шаффофияти пурра таъмин бошад, - афзуд Рамазон Мирзоев.
Ҷоиз ба зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории ҷорӣ, ҳангоми кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда ба онҳо маблағи арзиши хона, таҷҳизот, дарахтҳои мевадиҳанда, зироатҳои киштшуда ва дигар амволи шахсӣ пардохт мешавад. Ҳамчунин маълум шуд, ки бо мақсади таъмини амнияти экологии минтақаи зериобшаванда, риояи суннату одоби волои инсонӣ ва дигар эҳтиромот аз деҳаҳое, ки дар баландии пасттар аз 1100 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд, қабристонҳо ба ҷойи дигар кӯчонида шудаанд. Ин амали анҷомдода далели возеҳи он аст, ки зимни бунёди НБО-и «Роғун» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъалаҳо ба инобат гирифта шудаанд.
Ҳамсуҳбатам аз ҳамкориҳояшон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, изҳори қаноатмандӣ намуд. Аз гузориши пешниҳоднамудаи Бонки Умумиҷаҳонӣ доир ба раванди кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда бармеояд, ки воқеан ҳам ин созмони муътабари байналмилалӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» қаноатманд аст. Дар гузориши фавқуззикр минҷумла омадааст: «Мо бо қаноатмандӣ зикр менамоем, ки чорабиниҳо вобаста ба кӯчонидани аҳолӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар минтақаи зериобшаванда бо риояи талаботи мавҷуда амалӣ шудааст».
Далер Мерганов, «Садои мардум»