Дуюми майи соли 2019 мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Бахтовар Сафарзода, Толиб Азимзода ва Ҷамшед Муртазозода бо роҳбари Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид Саман Зарифӣ баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, ки ба он 60 нафар ҳуқуқшиноси шинохтаи ҷаҳон шомиланд, ҳуқуқҳои инсонро тавассути қонун дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳимоя мекунад. Он аз соли 1952 ҳамчун ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ фаъолият ва дар 80 кишвари калонтарини ҷаҳон шуъба ва намояндагӣ дорад.
Таъкид гардид, ки парлумони касбии мамлакат зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқиеро қабул кардааст, ки барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзандаро иҷро мекунанд. Ҳамчунин, барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ва ҳукуматӣ баҳри ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои инсон қабул шудаанд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки қариб ба ҳамаи санадҳои универсиалӣ оид ба ҳуқуқи инсон имзо гузоштааст ва тозатарини он Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи ҳуқуқи маъюбон мебошад, ки дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он имзо гузоштанд, ки дар арафаи ба тасвиб расонидан қарор дорад. Ҳамчунин, соли ёздаҳум аст мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ин самт пайгирона ғамхорӣ менамоянд.
Баланд бардоштани донишҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва омодагии онҳо ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад ва дар ин раванд амалисозии «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 — 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ гардидааст, идома дорад. Айни замон барои татбиқи барномаи мазкур дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ аз ҷумлаи роҳбарони сохторҳои таълимии вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар ташкилотҳо таъсис дода шудааст.
Дар мулоқот, ҳамчунин, роҷеъ ба масъалаҳои адолати судӣ, мустақилияти судҳо, фаъолияти судяҳо ва сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон