Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод намудани Баҳодурзода А. С.

№51 (4001) 07.05.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 6 майи соли 2019, №1250