14 майи соли 2019 муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ветнам Ҷамшед Саидзода бо ҳайати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, ки бо роҳбарии муовини сардори Комиссия оид ба робитаҳои хориҷии Ҳизби коммунистии Ветнам Нгуен Туан Фон дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Қайд гардид, ки аз соли 1992 муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам барқарор карда, байни ду кишвар дар самти гуногун ҳамкориҳои самаранок ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, соли 2010 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъсис ёфтааст. Миёни Тоҷикистону Ветнам санадҳои зиёд оид ба ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмиву техникӣ ба имзо расидаанд.
Ҷамшед Саидзода изҳор дошт, ки бо баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба муносибатҳои иқтисодии ду кишвар такони тоза бахшида шуд. Дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ветнам таъсис ёфта, фаъолият доранд. Маҳсулоти асосии содирот аз кишвари мо нахи пахта ва абрешим, маҳсулоти воридот аз Ветнам молҳои истеъмоли мардумӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои дигар, аз ҷумла густариш бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон