Чордаҳуми майи соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур дорад.
Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. «Дар бораи Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930» сухан ба муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон дода мешавад.
САНГИНЗОДА Эмин Нуъмон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони мардумӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930 (№29) дар Конференсияи генералии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) 11 июни соли 2014 қабул гардидааст ва яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмии ҳуқуқие ба шумор меравад, ки хусусияти қатъӣ дорад.
Протокол талаботи Конвенсияи № 29-и соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбуриро дар самти амалҳо бар зидди чунин зуҳуроти муосир, ба монанди савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ, пурра менамояд ва ба он танҳо давлатҳое метавонанд ҳамроҳ шаванд, ки конвенсияи мазкурро тасдиқ намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 иштирокчии Конвенсияи №29-и ТБМ «Дар бораи меҳнати маҷбурӣ» мебошад. Конвенсияи мазкур ба рӯйхати ҳашт Конвенсияи бунёдии ТБМ шомил аст ва протоколи болозикр ҳамчун қисми ҷудонопазири пурракунандаи он ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, мувофиқи Эъломияи ТБМ «Дар бораи принсипҳо ва ҳуқуқҳои асосӣ дар соҳаи меҳнат» аз соли 1998, мамлакатҳо — иштирокчиёни ТБМ уҳдадоранд ҳуқуқҳои асосиро, ки дар Конвенсияи бунёдии №29 инъикос гардидаанд, риоя намоянд.
Конвенсияи № 29-и соли 1930 дар мубориза бо ҳама гуна шакли меҳнати маҷбурӣ нақши муҳим бозидааст. Мутаассифона, солҳои охир дар ҷараёни татбиқи муқаррароти ин конвенсия номутобиқатии он ба масъалаҳои замони муосир ва норасоиҳо дар чораҳои тавсияшавандаи амалӣ, ба монанди чораҳои иловагии пешгирӣ, ҳимоя ва воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, ҷуброни зарар ва тавонбахшии ҷабрдидагони меҳнати маҷбурӣ намоён гаштааст. Инчунин, мазмун ва шаклҳои меҳнати маҷбурӣ айни замон дигаргун ва савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ боиси изтироби рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст.
Ин нуқсонҳо ва норасоиҳоро ба назар гирифта, коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) пешниҳодҳоро дар шакли Протокол ба Конвенсияи № 29-и соли 1930 таҳия намуданд. Мафҳуми «меҳнати маҷбурӣ» мутобиқи он мавҷудияти ду унсури муҳими калидиро тақозо мекунад: кор ё хизмат, ки зери таҳдиди татбиқи ҷазо ва бе розигии шахс (яъне ғайриихтиёрӣ) иҷро карда мешавад. Тибқи талаботи протоколи мазкур, давлатҳо-аъзои ТБМ уҳдадор мешаванд, ки дар ин самти сиёсати миллӣ чораҳои ба талаби замон мувофиқро амалӣ намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми ҳуқуқии миллӣ тавонистааст, муқаррароти уҳдадоркунандаи байналмилалии асосиро дар соҳаи барҳамдиҳии меҳнати маҷбурӣ амалӣ намояд. Аз ҷумла, моддаи 8 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи меҳнати маҷбуриро манъ мекунад. Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» муқаррароти моддаи Конвенсияи ТБМ №29-ро тафсир дода, мафҳумҳоро кушодааст. Дар доираи моддаи 1301 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Савдои одамон», 1302 «Истифодаи меҳнати ғуломона» ва 134 «Маҷбуркунӣ» ҷавобгарии ҷиноятӣ ба шахсоне, ки аз ҷумла меҳнати маҷбуриро истифода менамоянд, пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар соҳаи пешгирии меҳнати маҷбурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» ва «Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2020» қабул ва татбиқ гардида истодаанд.
Ҳамин тавр, муқаррароти Протокол ба Конвенсияи ТБМ дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930 моҳиятан аллакай дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, дар нақшаю барномаҳои дахлдори умумимиллӣ ва идоравӣ пешбинӣ шудаанд.
Тасдиқ ва татбиқи минбаъдаи протоколи мазкур хароҷоти иловагиро аз Буҷети давлатӣ ва тағйироти муҳимро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намекунад. Хоҳишмандам лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
- Протокол ба Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ дар Конференсияи генералии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) 11 июни соли 2014 қабул гардидааст ва яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмии ҳуқуқие ба шумор меравад, ки хусусияти қатъӣ дорад. Ин ҳуҷҷат талаботи Конвенсияи № 29 соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмиро дар самти амалҳои бар зидди чунин зуҳуроти муосир, ба монанди савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ, пурра менамояд.
Конвенсияи № 29 соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ дар мубориза бо ҳама гуна шакли меҳнати маҷбурӣ нақши ҳаётан муҳим бозида бошад ҳам, солҳои охир дар ҷараёни татбиқи муқаррароти конвенсия номутобиқатии он ба масъалаҳои замони муосир ва норасоӣ дар чораҳои тавсияшавандаи амалӣ, ба монанди чораҳои иловагии пешгирӣ, ҳимоя ва воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, ҷуброни зарар ва тавонбахшии ҷабрдидагони меҳнати маҷбурӣ намоён гаштааст. Инчунин, мазмун ва шаклҳои меҳнати маҷбурӣ айни замон дигаргун шудаанд, аз ҷумла савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ мавзӯи изтироби рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ шудаанд.
Ин нуқсонҳо ва норасоиҳоро ба назар гирифта, коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пешниҳодҳоро дар шакли Протокол ба Конвенсияи № 29 соли 1930 таҳия намуданд. Тибқи талаботи протоколи мазкур, давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд, ки дар ин самти сиёсати миллӣ чораҳои ба талаби замон мувофиқро амалӣ намоянд.
Бо дастгирии намояндагии ТБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаматарафа омӯхтани масъалаи имконияти ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба протоколи мазкур коршиносон ҷалб гардиданд. Аз ҷониби онҳо маълумотномаи тавзеҳӣ оид ба асосноккунии зарурати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протокол ба Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ ва маълумотномаи баҳодиҳии хароҷоти молиявӣ ҳангоми ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протокол ба Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ омода гардид.
Протоколи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли равон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд.
Протокол ба Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи протоколи мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор дода мешавад.
АБДУҒАФФОРЗОДА Нуъмон Абдуғаффор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Боиси фараҳмандист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба рушди соҳаҳои сайёҳиву ҳунармандӣ такони ҷиддӣ бахшид. Соли 2018 ва чор моҳи соли 2019 чорабинии зиёди сатҳи милливу байналмилалӣ дар самти рушди сайёҳӣ амалӣ карда шуданд.
Дар самти мукаммалгардонӣ ва устувории заминаи меъёрии ҳуқуқии бахши сайёҳӣ лоиҳаи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуд.
Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва 1 августи соли 2018 тасдиқ гардид. Тибқи стратегия, бори нахуст нишондиҳанда ё индикаторҳои рушди сайёҳӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, шумораи сайёҳони воридшуда ба ҷумҳурӣ, саҳми сайёҳӣ дар ММД, таъсиси ҷойҳои корӣ, саҳми соҳа дар маҷмӯи сармоягузориҳо, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шумораи субъектҳои инфрасохтории сайёҳӣ ва мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ нишондиҳандаҳо ё индикаторҳои асосии рушди соҳа ба ҳисоб мераванд.
Стратегия тавассути се нақшаи чорабинӣ, ки ҳар яки он чор солро фаро мегирад, татбиқ карда мешавад. Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид.
Бо ташаббуси Пешвои миллат имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид. Ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли 5 соли аввали фаъолият аз пардохти андози фоида ва воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.
Бо истифода аз имтиёзҳо соли 2018 ва чор моҳи соли 2019 зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардиданд ва шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 170 адад расид. Инчунин, 11 лоиҳаи иншооти инфрасохтории сайёҳӣ аз имтиёзи андозию гумрукӣ бархӯрдор гардид, ки аз ҷумлаи онҳо, чор иншоот ба истифода дода шуд ва сохтмони ҳафт иншоот идома дорад. Соли 2018 ва дар чор моҳи соли ҷорӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар як қатор намоишгоҳҳои бузурги сайёҳии ҷаҳонӣ иштирок намуданд. Портал ё сомонаи миллии сайёҳӣ ба ҳафт забон ва тавассути он соҳаи сайёҳии мамлакат бори нахуст ба низоми байналмилалии сайёҳӣ ё бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пайваст гардид.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият доданд, ки соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 155 ҳазор нафар ва дар чор моҳи соли 2019 зиёда аз 325 000 нафар шаҳрванди хориҷӣ сафар намуда, аз имкониятҳои бузурги сайёҳии Ватанамон баҳра баранд. Дар баробари ин, соли сипаригашта зиёда аз 750000 нафар сайёҳи дохилӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бо ҳам алоқаманданд, зеро маҳсули дастранҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ин замина, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ, барқарорсозӣ, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия гардид. Он бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҳунармандон ва иттиҳодияҳои ҳунармандӣ баррасӣ ва мувофиқа шуд.
Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ муайян карда мешавад. Ин омил имконият медиҳад, ки самтҳои рушди соҳа ба маҷрои муайян дароварда шаванд. Дар баробари ин, сиёсат ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ муайян гардида, имтиёзҳо барои рушди соҳа муқаррар карда мешаванд. Инчунин, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ, феҳристи ҳунармандӣ, ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ташкил карда, барномаҳои давлатии рушди соҳаро таҳия ва амалӣ хоҳад шуд.
Имрӯзҳо дар соҳаи ҳунармандӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таъмини ашёи хом барои маҳсулоти ҳунармандӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва рақобатпазир намудани маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, ташкили бренди миллии маҳсулоти ҳунармандӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии маҳсулоти ҳунармандӣ, таҳияи барномаи мушаххаси рушди ҳунармандӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Бинобар ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муайян намудани самтҳои ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода сохтани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ташаккули шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия гардида, ҳуқуқу уҳдадорӣ ва фаъолияти ҳунармандонро ба танзим медарорад.
Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 15 модда иборат буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.
Лутфия РАҶАБОВА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд ки: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.».
Дар доираи иқдоми мазкур бо мақсади эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот ва маҳсулоти ҳунармандӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумита бо мақсади такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Он лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор ва баъд аз баррасии ҳамаҷониба такмил дод. Ҳамин тариқ, кумитаи масъул лоиҳаро бо субъектони дахлдор мувофиқа намуда, ба он тағийру иловаҳои дахлдор, аз ҷумла ба моддаи 1 мафҳуми «ҳунармандӣ», ба моддаи 6 сархати сеюм, ба моддаи 12 қисми 3-юм ва ҳамчунин як моддаи нав — «Самтҳои ҳунармандӣ» илова намуд. Сархатҳои панҷум ва шашуми моддаи 3, сархати чоруми моддаи 5, қисми моддаи 7, қисми 1 моддаи 8 ва моддаи 10 таҳрир ва қисми 2 моддаи 8, моддаи 11, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 12 хориҷ карда шуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита аз ҷониби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ оид ба лоиҳаи баррасишаванда якчанд таклифу эрод вобаста ба риояи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҷавобгӯй намудани матни баъзе аз қисмҳои моддаҳои лоиҳа ба талаботи имлои забони тоҷикӣ баён гардид.
Ҳамчунин, субъектҳои дахлдор лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 66 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 39 — тоаш пурра ва 12 — тои дигар қисман қабул гардиданд.
Даҳуми майи соли 2019 лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд ва аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба такмили он зиёда аз 10 таклиф пешниҳод гардид. Дар натиҷа, бо дарназардошти таклифу эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, аз ҷумла муқаддимаи лоиҳаи қонун таҳрир карда шуд. Моддаҳои 9 ва 10 вобаста ба мансубият ба бобҳои 1 ва 2 интиқол дода, моддаҳои 11 ва 12 муттаҳид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур тавре маълум гардид, марҳилаи зиёди омӯзиш ва баррасиро гузашта, такмил ёфтааст. Бо қабул гардидани он заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ фароҳам гардида, рушди он таъмин хоҳад шуд.
Хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Марҳамат, кӣ савол дорад? Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Чаро мо ҳунармандиро соҳа ном ниҳодем? Соҳа ҷамъи корхонаҳои аз ҷиҳати технологӣ, коркард ё хизматрасонӣ муттаҳидгардида аст. Масалан, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва монанд ба ин. Вале нисбат ба ҳунармандӣ истифодаи мафҳуми соҳа, ба андешаи ман, нодуруст аст. Дар забони русӣ низ он «область» не, балки «сфера» номида шудааст. Муаллифон ин масъаларо чӣ гуна шарҳ доданианд?
Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА: — Вакилони муҳтарам! Лоиҳаи қонуни мазкур марҳилаҳои тӯлониро сипарӣ намуд. Ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ дар марҳилаи аввали рушд қарор дорад. Санади меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳунармандӣ, ки низ бори нахуст таҳия шудааст, фикр мекунам, барои марҳилаи ҳозираи рушди ҳунармандӣ созгор мебошад. Қабули қонуни мазкур барои пешрафти соҳа такони хуб хоҳад бахшид. Хоҳиш менамоям ба тарафдории лоиҳаи қонун дар шакли пешниҳодгардида овоз диҳед.
Лутфия РАҶАБОВА: – Қонунгузорӣ дар соҳа муайян карда мешавад. Бинобар ин, истилоҳи «соҳаи ҳунармандӣ» дар лоиҳаи қонун ҷой дода шуд.
РАИС: — Ҳунармандӣ дар худ маънии зиёдро ғунҷонидааст. Масалан, истеҳсолоти дастӣ, ки ҳунарманд барои тайёр кардани молу маҳсулот аз василаҳои гуногуни ҳунари дастӣ истифода менамояд, ки онҳо таъиноти маишӣ, армуғонӣ ва ғайра доранд. Инро ба инобат гирифта, дар маҷмӯъ онро соҳа номидан дуруст аст.
Ташкили намоиш — фурӯши маҳсули ҳунармандон бошад, барои тараққии соҳа мусоидат намуда, ҷиҳати муаррифии ҷумҳурӣ дар хориҷ аз кишвар нақши арзанда хоҳад дошт.
Сухан ба вакил Оқилзода Нурулло дода мешавад.
Нурулло ОҚИЛЗОДА: - Муҳтарам Раис! Эътироф кардани ҳунармандӣ ҳамчун соҳа ба рушди он мусоидат менамояд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст: «Қонун муносибатҳои ҷамъиятии соҳаро муқаррар менамояд». Аз ин лиҳоз, ҳангоме лоиҳаи қонунро таҳия ва пешниҳод менамоем, ҳунармандиро ҳамчун соҳа эътироф мекунем.
РАИС: — Сухан ба вакил Раҳмонзода Абдуғаффор дода мешавад.
Абдуғаффор РАҲМОНЗОДА: — Ман мехоҳам оид ба қисми 3 моддаи 12 лоиҳаи қонун фикрамро баён намоям. Он ҷо омадааст, ки мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҳунармандонро бо ашёи хом таъмин намоянд. Мутаассифона, ин банди қонун иҷронашаванда аст, зеро он ба салоҳияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил аст. Пешниҳод менамоям, ки ин қисм аз лоиҳаи қонун хориҷ карда шавад.
РАИС: — Дар лоиҳа, ҳамчунин, омадааст, ки мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ташаббусҳои субъектҳои ҳунармандиро вобаста ба фароҳам овардани шароит, ҷой ҷонибдорӣ намуда, баҳри дастгирии онҳо мусоидат менамояд.
Омода кардани кадрҳои махсус, ташкили намоишгоҳҳои алоҳидаи ҳунармандон аз ҷумлаи вазифаҳои мақомоти марказиву маҳаллӣ низ хоҳанд буд.
Сухан ба Лутфия Раҷабова дода мешавад.
Лутфия РАҶАБОВА: — Муҳтарам Раис! Дар лоиҳа зикр шудааст, ки ҳунармандон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо ашёи хом таъмин карда мешаванд. Масалан, ҳунармандоне, ки ба тайёр кардани маснуоти заргарӣ ва ороишӣ шуғл меварзанд, тиллою нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳоро аз давлат харидорӣ менамоянд. Яъне, соҳа аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад.
РАИС: - Вакилони муҳтарам! Бо рушди ҳунармандӣ дар кишвар ҷойи кори зиёд ба вуҷуд меояд. Марказҳои ҳунармандӣ таъсис меёбанд, дар хонаҳо ҳунарҳои гуногун тавлид мешаванд. Ҳоло як қатор ҳунарҳои қадимӣ аз байн рафтаанд, ки эҳёи онҳо вазифаи муҳими мансубини соҳа хоҳад буд. Қисмати бештари ҳунармандон солашон ба ҷое расида, омӯзонидани ҳунари онҳо ба ҷавонон вазифаи таъхирнопазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад. Ҳунарҳои миллиро эҳё кардан зарур аст.
Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми ба ҷумҳурӣ омадан аз маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ харидорӣ намуда, ҳамчун армуғон мебаранд.
Сухан ба вакил Одинаев Ҳаёт дода мешавад.
Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон, соҳаи кишоварзӣ ва кишоварзӣ ҳаммаъноанд, истифодаи истилоҳҳои соҳаи ҳунармандӣ ва ҳунармандӣ низ дуруст аст.
Дар лоиҳаи қонун истилоҳи «субъектҳои ҳунармандӣ» истифода шудааст. Чун соҳаи фаъолияти ҳунармандӣ васеъ аст, он «субъектҳои фаъолияти ҳунармандӣ» ном бурда мешуд, ба мақсад мувофиқ мебуд.
РАИС: — Сухан ба Нурулло Оқилзода дода мешавад.
Нурулло ОҚИЛЗОДА: — Субъекти ҳунарманд танҳо шахси воқеӣ буда метавонад. Биноан, ҳам номи боб, модда дар шакли танҳо бояд навишта шавад. Мо ҳунармандиро ҳамчун соҳа эътироф намудем, соҳа бошад, на танҳо фаъолият дорад, балки масъалаҳои ташкилӣ, танзим ва ғайраро низ фаро мегирад. Агар субъекти фаъолият гӯем, маҳдудият эҷод менамоем.
РАИС: — Сухан ба вакил Муртазозода Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: — Дар ҳуқуқи гражданӣ мо аз умумият ба махсусият мегузарем. Истилоҳ дар шакли танҳо навишта мешавад. Бинобар ин, субъекти ҳунармандӣ гуфтан дуруст аст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.
Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандони об» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Олимҷон Бобоев, Олимҷон Сафаров ва Мирзоанвар Ахмедов таҳия гардидааст.
Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» соли 2006 қабул гардида, дар давраҳои аввали таъсисёбии ассотсиатсияҳо рисолатро то андозае иҷро намуд.
Бо дарназардошти такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ ва гузаронидани ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, зарурати ба қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қабул намудани қонунҳои мукаммал ба миён омад. Аз ин хотир, баррасии яке аз қонунҳои асосии соҳа – «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», ки муносибатҳои иқтисодию молиявиро байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои давлатии соҳаи обро танзим менамояд, мувофиқи мақсад дониста, он дар чорабиниҳои «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ба нақша гирифта шуд.
Лоиҳаи қонуне, ки ба баррасии шумо, вакилони муҳтарам, пешниҳод шудааст, ба:
- боз ҳам тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифобарандагони об;
- мутобиқгардонии он ба қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз байн бардоштани ихтилофот ва номуайянӣ дар муносибатҳои байни субъектони соҳа;
- танзими масъалаҳо вобаста ба пардохти маблағҳои ҳаққи узвият ва тарифи хизмати обрасонӣ;
- нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари шабакаҳои дохилихоҷагӣ;
- таъмини боэътимоди об;
- танзим ва дастгирии соҳа аз тарафи давлат равона шудааст.
Нисбат ба лоиҳаи қонун расмиёти дохилӣ, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, татбиқ гардидааст. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаро бо ба инобатгирии лоиҳаи таҳиягардидаи гурӯҳи кории байниидоравии Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона», якҷо бо намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо иштироки мутахассисони соҳа баррасӣ намуда, такмил дод.
Лоиҳаи қонун аз 8 боб ва 32 модда иборат мебошад.
Дар боби 1 (моддаҳои 1 — 4) мафҳум, принсипҳои фаъолият ва вазифаҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об, боби 2 (моддаҳои 5-7) дастгирӣ ва танзими давлатии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар онҳо оварда шудаанд.
Боби 3 (моддаҳои 8-10) муқаррарот оид ба таъсис, оиннома, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро дар бар мегирад.
Масъалаҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ассотсиатсияи истифодабарандагони об, аъзои он ва дигар истифодабарандагони об дар боби 4 (моддаҳои 11-15) мушаххас карда шудаанд.
Муқаррарот оид ба танзими масъалаҳои идоракунии ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ваколатҳои маҷлиси умумии ассотсиатсия, Шӯро, комиссияҳои тафтишотӣ ва ҳалли баҳсҳо, мудирият ва ҳудудҳои алоҳидаи минтақаи хизматрасонии ассотсиатсия дар боби 5 (моддаҳои 16-22) мушаххас гардидаанд.
Ҳамчунин, муносибатҳои молумулкӣ ва ташаккулёбии воситаҳои молиявии ассотсиатсияи истифодабарандагони об, тартиби ҳисоботдиҳии ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар боби 6 (моддаҳои 23-25) муайян гардидааст. Боби 7 (моддаҳои 26 -28) ба таъсис ва амалисозии фаъолияти иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, вазифаҳо, молу мулк ва воситаҳои молиявии он бахшида шудаанд.
Дар боби 8 (моддаҳои 29-32) муқаррароти хотимавӣ ҷой дода шудааст.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», матни лоиҳаи қонун бо риояи услуби расмии забони адабӣ такмил ва ба талаботи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шуд.
Нисбат ба лоиҳа 120 таклифу пешниҳод ворид ва дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 96 таклиф пурра ва 17 таклиф қисман қабул гардид.
Дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ лоиҳаи қонун баррасӣ ва оид ба пешниҳоди он ба Шӯро қарор қабул гардид.
Лоиҳаи қонун аз тарафи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфт ва пешниҳоду эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба матни лоиҳа ба инобат гирифта шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷкистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод дода мешавад.
Холмурод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мавқеи хоса дошта, пешбурди устувори он аз ба инобатгирии тағйироти куллии дар муносибатҳои ҷамъиятии дар раванди ислоҳоти аграрӣ бамиёномада вобастагӣ дорад.
Дар натиҷаи таҷдиди сохтори хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм қариб 180 ҳазор хоҷагии хурду миёнаи деҳқонӣ (фермерӣ) ташкил гардид. Баробари ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ як қатор проблемаҳои нав дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ба вуҷуд омаданд, ки барои истифодаи босамари иншооти гидротехникӣ ва захираҳои об таъсир мерасонанд.
Баъзе рақамҳоро мехоҳам зикр намоям: дар соҳа 26,7 ҳазор км шабакаҳои обёрӣ, 11,4 ҳазор км шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо, 393 пойгоҳи обкашӣ, 1516 дастгоҳи обкашӣ ва 7099 иншооти дигари гидротехникӣ мавҷуд аст. Дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ иншооти дохилихоҷагӣ, аз ҷумла 11738 км шабакаҳои обёрӣ, 730 км каналҳои бетонпӯш, инчунин ҳазорҳо километр шабакаҳои қубурӣ, обпарто, заҳбурӣ, заҳкаш ва 11002 иншооти дигари гидротехникӣ, 232 пойгоҳи обкашӣ, 647 дастгоҳи обкашӣ ва 3423 адад пул аз назорат ва истифодабарии дахлдор дур мондаанд ва қариб ба нестӣ расидаанд.
Бо мақсади нигоҳ доштан ва истифодаи шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, тақсими босамар ва истифодаи об 21 ноябри соли 2006, таҳти № 213 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» қабул гардид. Татбиқи қонуни мазкур имкон дод, ки 388 ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъсис шавад. Ҳамчунин, таҳлили иҷрои вазифаҳо аз ҷониби ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об оид ба таъмини истифодаи сарфакоронаи об ва иншооти гидротехникӣ, муносибатҳои байни аъзо, дигар истифодабарандагони об, танзими давлатӣ, пардохти ҳаққи узвият, хизмати обрасонӣ ва масъалаҳои дигари ҳалталаб, зарурати такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳоро ба миён овард.
Лоиҳаи қонун, дар маҷмӯъ, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии фаъолияти ассосиатсияҳои истифодабарандагони обро дар бар гирифтааст. Дар раванди такмили он лоиҳаи таҳиягардидаи гурӯҳи кории байниидоравии Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона», пешниҳодҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, номукаммалӣ ва мухолифат ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бартараф карда шуд.
Дар лоиҳаи қонун ҳуқуқу уҳдадории дигар истифодабарандагони об, танзими давлатии фаъолият, комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо, ташкили мақоми иҷроия – мудирияти он, моликият ва воситаҳои молиявӣ, таъсиси Иттифоқи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва як қатор масъалаҳои дигар мушаххас баён гардиданд, ки дар қонуни амалкунанда онҳо пешбинӣ нагардида буданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи иҷрои банди 7 Нақша –чорабиниҳои татбиқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар давраи солҳои 2016-2025» таҳия шудааст. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, ба шумо — вакилони Маҷлиси намояндагон миннатдории самимии хешро иброз менамояд.
РАИС: - Мо ҳоло гузориши муфассалро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» шунидем. Воқеият чунин аст, ки вазъи соҳа солҳои охир хеле нигаронкунанда боқӣ монда, мушкилоти ҳалношудаи соҳа хеле зиёд мебошад.
Истифодаи об бемеъёр ҷараён гирифта, ҷамъоварии маблағи истифодаи об ташвишовар аст. Агентӣ бошад, ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардид, зеро об ба истифодабарандагон асосан тавассути насосҳои обкашӣ дода мешавад. Масъалаҳои зиёди ҳалталаб дар қонун ҷой дода шудаанд. Баъди мавриди амал қарор гирифтан ба он бояд ноил шуд, ки амали қонун таъмин карда шавад.
Сухан ба вакил Оқилзода Нурулло дода мешавад.
Нурулло ОҚИЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба муаллифони лоиҳаи қонун миннатдорӣ изҳор менамоям. Дар аснои омода гардидани лоиҳа муайян гардид, ки он садду мухолифати зиёде дорад. Ассотсиатсияи истифодабарандагони обро қонуне, ки соли 2006 қабул гардид, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ муаррифӣ мекард. Дар лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ассотсиатсияи истифодабарандагони об на чун ташкилоти ҷамъиятӣ, балки чун ташкилоти ғайритиҷоратӣ муаррифӣ мешавад. Ин муқаррарот имкон медиҳад, ки фаъолияти ассотсиатсияи истифобадарандагони об рушд ёбад.
РАИС: — Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳае, ки мо баррасӣ дорем, барои беҳдошти соҳа, фаъолияти босамари ассотсиатсияи истифодабарандагони об равона гардида, ба таъмини сарфакоронаи об ва истифодаи оқилонаи он нигаронида шудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи қонун баланд бардоштани фарҳанги истифодабарандагони об ва расонидани кумаки методӣ ва машваратӣ дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникӣ барои амалӣ кардани онҳо мебошад.
Ҳадафи дигар иборат аз он аст, ки қабули қонун самаранок назорат карданро дар иншооти гидротехникӣ таъмин менамояд.
Ҷиҳати дигари муҳими лоиҳа беҳдошти иҷтимоии он мебошад, зеро кормандони соҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Пешниҳод мекунам, ки лоиҳа баъди ба ҳукми қонун даромаданаш аз тарафи мутахассисон дар радиою телевизион ва воситаҳои ахбори омма шарҳ дода шавад, то ин ки ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар фаъолият ба хатогӣ роҳ надиҳанд.
Аз шумо –вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан ба вакил Сафаров Зайнудин дода мешавад.
Зайнудин САФАРОВ: — Лоиҳае, ки мавриди баррасӣ аст, барои рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад, зеро вазъи соҳаи кишоварзӣ ба таъмини об вобастагии зич дорад. Ҳарчанд кишвари мо дар саргаҳи об ҷой дошта бошад ҳам, аз он ба андозаи 15 — 16 фоиз истифода мебарему халос. Ҳамин миқдор об аз ҷониби мо чӣ гуна истифода бурда мешавад, масъалаи дигар аст.
Агарчанде Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, бинобар мушкилоти зиёди ин ниҳод, мо ба вазъи ғайриқаноатбахши соҳа мувоҷеҳ гардидем. Агар байни агентии мазкур ва ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома мавҷуд мебуд, имрӯз он аз истифодаи неруи барқ 136 миллион сомонӣ қарздор намешуд. Ҳарчанд вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» саъй намуданд, ки маблағи музди меҳнати кормандони соҳаро аз 60 миллион сомонӣ зиёд намоянд, муаллифони қонун ба мо фаҳмониданд, ки ин ташкилот дар дигар давлатҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ намешавад, зеро фонди махсус мавҷуд буда, барои фаъолияти он маблағ гузаронида мешавад.
Ман ба муаллифони лоиҳаи қонун изҳори сипос менамоям, зеро онҳо дар ҳалли масъалаи хеле муҳими соҳаи кишоварзӣ саҳм хоҳанд гузошт.
Мутобиқи лоиҳаи қонун, барои ассотсиатсияи истифодабарандагони об фонди махсус таъсис дода мешавад ва онҳо бо истифода аз маблағи он фаъолиятро роҳандозӣ менамоянд.
Ҳоло чор моҳ аст, ки кормандони хоҷагии об аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ нашудаанд. Дар ин хусус фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба Вазорати молияи кишвар муроҷиат намуда, вазъро шарҳ дода, хоҳиши кумак ба кормандони соҳа кард. Чанд рӯз пеш Вазорати молия ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 миллион сомонӣ барои пардохти маош маблағ ҷудо намуд. Маоши моҳонаи мансубини соҳа бошад, ниҳоят кам – 300 — 500 сомониро ташкил менамояд.
Мисоли мушаххас, ноҳияи Восеъро гирем. Барои таъмири насосҳои обкашӣ маблағ ҷудо намешавад. Мо ба роҳбарияти ноҳия ва соҳа пешниҳод кардем, ки ба кормандон қитъаи муайяни замин вобаста карда шавад, то ин ки онҳо ғаллаю картошка кишт намуда, даромад ба даст оранд ва ҳам фаъолияти корхонаҳоро таъмин намоянд.
Пешниҳод менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандгони об», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ