16 майи соли 2019 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода бо роҳбари Форуми парламентӣ оид ба амният, вакили Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Питтенгер ва мушовири калон оид ба сиёсати хориҷии Бундестаги Олмон Ян Андреас мулоқот намуд.
Ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба (дар доираи созмонҳои байналмилалӣ), масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятию сиёсӣ ва мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ изҳори андеша карданд.
Зикр гардид, ки сол то сол ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, бахшҳои гуманитарӣ, маориф, фарҳанг, амният, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ рушд меёбанд.
Тарафҳо, ҳамчунин, доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, масоили минтақавию ҷаҳонӣ, андешидани чораҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ намуданд.
Бояд гуфт, ки пас аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико зиёда аз 30 ҳуҷҷат дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расидаанд, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон