15 майи соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббониро, ки барои иштирок дар кори Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориҳои марбут ба масоили сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра ба роҳ монда шудаанд.
Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид дошт, ки амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмии Афғонистон барои минтақа муҳим аст.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ изҳор доштаанд, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳи пойдору рушди иқтисодии Афғонистон ҷонибдорӣ менамояд ва самтҳои ҳамкориро бо Афғонистон дар феҳристи афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ қарор додааст.
Ҷонибҳо ба масъалаи ҳамкории байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Салоҳиддин Раббонӣ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон баланд арзёбӣ ва изҳор намуд, ки аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд, ки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар Афғонистон ва барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамоянд.
Дар фарҷом изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон минбаъд низ ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбанд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон