Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.
Дар ҷараёни сафар ӯ ба фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии чанд шаҳру ноҳия шинос шуд.
Сипас, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии боғпарварии «Сорбонҷон»-и ноҳияи Кӯшониён дидан намуда, бо шароити кору фаъолияти хоҷагиҳои «Ниёзмуҳаммад Беков», «Сафар Ҷумъаев»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, хоҷагии «Баҳор», намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, маҳсулоти нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, хоҷагии тухмипарварии ба номи «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии «Собириён» ва «Назриён», гармхонаҳои лимӯпарварии хоҷагии «Абдураҳим Тоҳиров»-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардид.
Меҳмонро раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ карданд.
Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор