Ҳаждаҳуми майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» баргузор гардид, ки дар он вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Япония ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон иштирок доштанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки мулоқоти зикршуда ба солгарди ҷашнии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» мувофиқ омадааст. Соли 2004 Япония шакли нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»-ро бо мақсади бештар намудани талошҳо барои вусъат бахшидан ва таҳкими робитаҳои боз ҳам зичтари кишварҳои минтақа бо Япония, ҳамчунин, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, пешниҳод намуд.
Тӯли солҳо муколамаи мазкур ҳамчун заминаи боэътимоду воқеӣ дар амри таҳкими робитаҳои боз ҳам зичтари Япония ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хизмат кард.
Дар доираи ҷаласаи ҳафтум се ҳамоиш таҳти унвонҳои «Ҳамкории амалии кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар соҳаи туризм», «Ҳамкории кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар соҳаҳои савдо, маблағгузорӣ ва рушд» ва «Амнияти минтақавӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» доир гардиданд.
Дар интиҳо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор муколама ба «Баёнияи якҷоя» имзо гузошта, барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»