Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, бо кори кишоварзон аз наздик шинос шуд. Дар деҳаи Истиқлоли деҳоти «Иттифоқ» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ иборат аз сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар Боғи марказии фарҳангу фароғати ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми ноҳия мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.
Ҷаноби Олӣ дар баромадаш зикр намуд, ки маҳз бо шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатӣ, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сол ба сол тараққӣ карда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан баланд мешавад.
Дар ин вохӯрӣ собиқадорони ҷангу меҳнат суханронӣ карда, аз муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азиз ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ободии диёр ва пешрафти соҳаи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат иҷтимоиёти мамлакат бамаротиб рушд ёфта, музди меҳнат, нафақапулӣ ва даромади мардум сол аз сол зиёд мешавад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 20 соли Сарвари давлати Тоҷикистон буданаш обутоб ёфта, ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Қаҳрамони Тоҷикистон, дӯстдори кулли мардуми шарифи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, ҷонфидои халқу Ватани азиз — Тоҷикистон буд, ҳаст ва ҳамин тавр мемонад.
Сафармуҳаммад Зарифӣ, Бурҳоналӣ Қосимов, Абдуразоқ Боронов, Алӣ Сайфиддинов, Муҳаммадшариф Сатторов- вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ