Зане аз хонааш баромада, дар берун се мӯйсафеди ношиносро бо ришҳои дарозу сафеди дамида ва дар ҳолати хастагӣ дарёфт. Ҳарчанд онҳоро намешинохт, вале раҳмаш омаду гуфт, ки ба хонаи ӯ даромада, чизе хӯрдаву каме дам гиранд.
- Шавҳарат дар хона ҳаст? — пурсиданд мӯйсафедон
- Не, дар хона нест! — ҷавоб дод зан.
- Ин тавр бошад, ба хонаи ту даромада наметавонем! — посух доданд онҳо.
Бегоҳ, вақте ки шавҳар ба хона баргашт, зан қиссаро барояш нақл кард.
- Рав, ба онҳо гӯй, ки дар хонаам, — гуфт шавҳар.
Зан ба мӯйсафедон хоҳиши шавҳарашро расонд.
- Мебахшӣ, духтарам, лекин якбора ҳар се ба хонаи ту даромада наметавонем.
Зан дучанд ҳайрон шуда, сабаб пурсид. Яке аз мӯйсафедон ҳамроҳашро нишон дода, гуфт, ки Сарват ном дорад. Пасон, мӯйсафеди дигари ҳамроҳашро нишон дода, гуфт, ки Бахт ном дорад. Худашро Муҳаббат муаррифӣ намуд ва аз зан хоҳиш кард, ки ба хонааш рафта, бо шавҳараш маслиҳат ва яке аз онҳоро интихоб намоянд.
Зан ба шавҳараш суханони мӯйсафедонро расонд. Шавҳараш хурсанд шуд ва гуфт, ки Сарватро маъқул медонем, то хонаамон мудом пур аз сарвату боигарӣ бошад. Зан интихоби шавҳарашро маъқул накарда, бобои Бахтро пешниҳод кард, то ки бахту толеъ ҳамеша ёрашон бошад. Духтарчаи онҳо, ки дар кунҷаке машғули лӯхтакбозӣ буд, баҳси падару модарро шунида, тозон ба наздашон омаду гуфт, ки беҳтараш бобои Муҳаббатро интихоб мекунем, то ки дар фазои хона ҳамеша ишқу муҳаббат ҳукмфармо бошад.
- Биё, ҳамин пешниҳоди духтарчаамонро қабул кунем, — хоҳиш кард шавҳар. Бираву ба бобои Муҳаббат гӯй, ки меҳмони хона шавад.
Зан ба мӯйсафедон хитоб кард, ки кадоме аз онҳо Муҳаббат бошад, марҳамат, ба хона дарояд.
Баробари аз ҷой бархостани мӯйсафеде, ки Муҳаббат ном дошт ду мӯйсафеди ҳамроҳаш аз пушти вай рост шуданд ва тараддуди ба хона даромаданро карданд.
- Мебахшед бобоҳо, лекин ман бо хоҳиши худатон фақат бобои Муҳаббатро таклиф кардаам.
Мӯйсафедон ҷавоб доданд:
- Агар шумо Сарват ё Бахтро даъват мекардед, он гоҳ ду нафари мо аз ҷой намеҷунбидем. Азбаски шумо Муҳаббатро интихоб кардед, мо илоҷи дигар надорем. Ба куҷое, ки Муҳаббат равон бошад, мо аз пасаш ҳастем ва дар ҳар куҷое, ки Муҳаббат ҳаст, файзу баракат, сарвату боигарӣ ва саодатмандӣ ҳам мешавад.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»