Ташкилоту идораҳо ва аҳолии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон то якуми майи соли ҷорӣ аз ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» 252 миллиону 592 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Бино ба иттилои муовини директори ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Ином Ғуломов, қарзи аҳолӣ аз истифодаи неруи барқ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зиёда аз 82 миллион сомонӣ, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Вахш 25 миллион, Левакант ва Шаҳритуз — (ҳар кадом) зиёда аз 9 миллион, Ҷалолиддин Балхӣ — 9 миллион ва ноҳияи Хуросон зиёда аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, қарзи истифодаи неруи барқ дар вилояти Хатлон дар зарфи 3 моҳи соли равон ба 631 миллион сомонӣ расидааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»