29 майи соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиёи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Молдова чун давлати нозир ва Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба ҷониби Қазоқистон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳодро муносибатҳои зичи дӯстӣ, ҳамкории дуҷониба дар доираи ИДМ ва СААД ба ҳам мепайвандад. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо исботи ин гуфтаҳост.
Сарвари давлат зикр карданд, ки рушд ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони Иттиҳод дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми махсус дорад ва хоҳад дошт.
- Мо ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ дар ҳама ҷанба, аз ҷумла дар соҳаи амният, аҳамияти хоса медиҳем, — таъкид доштанд Президенти мамлакат.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат зикр карданд, ки Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, чун терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, иттифоқчии воқеӣ мебошад.
Дар охир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки метавон бо дарёфти роҳҳои хуби таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар иҷрои вазифаҳо дар ҳама самт муваффақ гардид.
www.president.tj