31 майи соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст «Оид ба ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар соли 2018» ва «Дар бораи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022» ҳисоботи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барномаи рушди сайёҳӣ, беҳдошти инфрасохтори соҳа, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, барои ба ҷаҳониён шиносонидани сарзамини аҷдодӣ, ҷойҳои таърихии аз нав эҳёгардида ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид гардад. Бо таҳияи барномаҳои махсус табиати зебову нотакрори кишвар, обҳои мусаффои чашмаҳо, рӯду дарёҳо, меваҳои хуштамъ, гулу гиёҳҳои шифобахш, сайёҳии шикорӣ, таомҳои миллӣ, расму оинҳои бою қадимаи миллати тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, васеъ ташвиқу тарғиб карда шавад.
Сипас, масъалаҳо «Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баррасӣ гардид.
Аъзои Ҳукумати мамлакат, инчунин, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ»-ро ирсол карданд.
Инчунин, масъалаҳо «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти маҷлис, ҳамчунин, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба ҷараёни тадбирҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар, вусъати корҳои созандагӣ дар иншоотҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини фаровонии маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои шаҳр, аз қабили меваю сабзавот, орд, равған, гӯшт, танзими нарх дар бозорҳо бо ташкили намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, расонидани кумакҳои яквақтаи хайрия ба сокинони ниёзманд, омодагии пойтахт ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, ҳисобот дод.
Дар охир Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини иҷрои супоришҳо ва амалӣ кардани дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳо барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба давраи зимистон, захираи кофии маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили саҳро, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон, дар рӯзи ид ба эҳтиёҷмандон расонидани фитри рӯза, дода шуд.
www.president.tj