Хисорот бар асари боронҳои сел

№64 (4014) 04.06.2019

originalТавре сардори шуъбаи матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир ба омадани сел дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боис гардид.

Якуми июни соли 2019, дар натиҷаи боришоти шадид ба деҳаи Оби Шифои деҳоти «Чоргултеппа» аз ҷониби деҳоти «Лоҳур»-и ноҳияи Рӯдакӣ сел омад, ки дар натиҷа ба 70 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зарар расида, ба таҳхонаи 8 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гашт.

Дуюми июн бошад, дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон ва ду деҳоти ноҳияҳои Фархору Восеи вилояти Хатлон селоба омада, ба заминҳои наздиҳавлигӣ, бинои ёрирасон ва пул, ки деҳаи Меҳнатободро бо шоҳроҳи Бохтар-Душанбе мепайвандад, зарар расонид. Мутаассифона, дар натиҷаи омадани сел сокини 18 — солаи деҳаи Меҳнатободи деҳоти «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расид.

Бино ба гуфти Умеда Юсуфӣ, барои бартараф намудани ҳолати рухдода гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор Рустам Шоҳиён таъсис ёфта, ба макони зарардида фиристода шуд.

Айни замон бартарафсозӣ идома дошта, барои муайян намудани хисорот дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Хуросон, Восеъ ва Фархор комиссияҳо фаъолият доранд.

Илова бар ин, барои вусъат бахшидани бартарафсозӣ қарор қабул шуд, ки сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбии кумита ҷалб шаванд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»