Афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Коршиносон омилҳои онро ба мушкилоти мубрами ҷомеа маънидод карда, ҳар кас ба таври худ шарҳу эзоҳ медиҳад.
Тибқи иттилои Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 82 552 ақди никоҳ ба қайд гирифта, 11013 — тоаш бекор карда шудааст. Яъне, аз ҳар 7,5 оилае, ки ақди никоҳ мебанданд, яктояш бо сабабҳои гуногун аз ҳам ҷудо мешаванд ва ин рақам сол то сол зиёд мешавад.
Соли 2019 ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 243 нафар шаҳрванд оид ба бекор кардани ақди никоҳ ариза пешниҳод намуданд. Суд баъди баррасии аризаҳо оид ба дархости 83 оила дар бораи бекор кардани ақди никоҳ қарори ниҳоӣ бароварда, ба 100 нафари дигар барои давраи гуногун муҳлати оштӣ дод.
Сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавонро имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд. Кормандони суд далел меоранд, ки пеш ин зуҳурот хеле кам ба назар мерасид. Ҳоло шаҳрвандон, бинобар мушкилоти иқтисодӣ, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, қисме аз онҳо дигар барнамегарданд. Ба шароити зиндагии муҳоҷирӣ унс мегиранд. Он ҷо оила барпо карда, зиндагӣ мекунанд ва як айб не, даҳҳо айбу гуноҳро ба гардани занон печонда, худро сафед ва фарзандонро раҳрез карда, оиларо дар вартаи роҳгумӣ меандозанд. Зане, ки бояд дар бунёди ҷомеаи устувор саҳм гузорад, бо ин ҳол оилаи худро уҳдабароӣ карда натавониста, дар дуроҳаи зиндагӣ ноилоҷ мемонад.
Зан ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Мо ба мақому манзалати зан арҷ мегузорем. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Мо ба азму ирода, заҳмату масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа, эътимоди комил дорем… Ба ин хотир мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр кунем».
Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо дур мондан аз таҳсил мебошад. Ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз муроҷиаткунандагон таълиму тарбияи одитаринро нагирифта, қоидаҳои маъмули муоширатро риоя намекунанд. Пас, онҳо аз куҷо бори зиндагиро мекашанду ба қадри солимии оила мерасанд?
Никоҳи маҷбурӣ ва барвақтӣ, камбизоатӣ, аз хусуру хушдоман ҷудо зиндагӣ кардан, таъсири урфу одатҳои динӣ, низоъҳои оилавӣ, ки бештар барои соҳиби молу мулки падарӣ шудан рӯй медиҳанд, мутобиқат накардани характерҳо, нодидаю носанҷида издивоҷ кардан, сабабҳои дигари ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошанд.
Зӯроварӣ дар оила низ яке аз сабабҳои дигари ҷудошавӣ мебошад. Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида бошад ҳам, бисёре аз муроҷиаткунандагон аз он хабар надоранд. Аксар шавҳароне, ки мехоҳанд аз ҳамсарон ҷудо шаванд, дар он ақида устуворанд, ки зан бояд побанди гуфтаю мафкураи онҳо бошад.
Тасаввур намоед, ки зану мард ҷудо мешаванд, зиндагии нав оғоз меёбад. Мушкилоти дигаре низ онҳоро рӯ ба рӯст: тақсимоти молумулкӣ, муқаррар кардани алимент, ҳолатҳои маскуншавӣ — тақсими манзил, ки боиси ҷанҷолу норозигии аъзои дигари оила мегарданд. Аз ин бадтар мушкили дигаре ҳаст: бетарбия ва бе ҷои истиқомат мондани кӯдакон! Модар фарзандони хурдсолашро гирифта, иҷора ба иҷора мегардаду на дар ягон ҷой кор карда метавонад, на дигарбора ба шавҳар баромада. Магар ин бадбахтӣ нест?
Нигина Раззоқова, мутахассиси пешбари Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе