Барқияҳои шодбошии роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

Ҳафтуми ноябри соли 2013 Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Презденти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи таҳниятӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон!

Иҷозат диҳед хушнудӣ ва таҳнияти самимии худро ба муносибати дубора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон баён намоям.

Натиҷаи интихоботи Президентии кишвари Шумо баёнгари он аст, ки кулли мардуми тоҷик пуштибони сиёсати дохилӣ ва хориҷии Шумост. Аминам, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлат Тоҷикистон ба дастовардҳои  афзунтаре ноил мегардад. Имсол аввалин соли ба роҳ мондани ҳамкориҳои стратегӣ миёни Хитой ва Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, барои рушди муносибатҳои дуҷониба имконоти беназире пайдо гардидаанд. Ман омодаам, ки бо Шумо барои равнақи ҳамкориҳои муҳими стратегии Хитой ва Тоҷикистон, ки ба нафъи кишварҳо ва халқҳоямон мебошанд, талош варзам.

Ба Шумо сиҳатии комил ва дар корҳоятон барор мехоҳам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфойӣ ва ба халқи он хушбахтиву саодатмандӣ орзу дорам».

***

Дар барқияи шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон қабул фармоед.

Ғалабаи комил дар интихобот нишонаи сатҳи баланди эътимоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва хизматҳои шахсии Шумо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад.

Робитаҳои миёни Россия ва Тоҷикистон хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда доранд.

Мехоҳам ҳавасмандиамро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ва баҳри таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям.

Аз самими қалб, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тани сиҳат, дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳои тоза ва тамоми хушиҳоро таманно дорам».

***

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.

Ин пирӯзӣ нишонаи боварии баланди мардуми Тоҷикистон ба Шумо ва нақши Шумо дар роҳи якдилӣ ва саодатмандии мардум аст. Боварӣ дорам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олӣ дар самти рушд ва шукуфойии минбаъдаи Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.

Аминам, ки муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар асоси анъана ва дӯстиву ҳусни эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, дар оянда низ ба манфиати халқҳои бародари ду кишвар рушду таҳким меёбанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатии комил ва муваффақиятҳои тоза, ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфойӣ таманно дорам».

***

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гуфта мешавад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуданатон қабул фармоед.

Мутмаинам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олии давлатӣ дар самти рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси муштаракоти таърихӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва бо дарназардошти манфиатҳои ду ҷониб бунёд ёфтаанд, саҳм хоҳад гузошт.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфойӣ таманно намоям».

***

Дар барқияи шодбошии Прзиденти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ғолибиятатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Халқи тоҷик бори дигар ба Шумо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ боварии худро изҳор намуда, ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷоринамудаи Шуморо, ки ба таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон равона шудааст, тасдиқ кард.

Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамгиройии байни кишварҳоямон, характери фаъоли ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр менамоям ва боварӣ дорам, ки минбаъд дар рӯҳияи созанда ҳамкориҳои дуҷонибаамон рушд меёбанд.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тани сиҳат, неруи беинтиҳо, дар мақоми масъулиятнокатон ба манфиати халқи тоҷик бурдбориҳо таманно дорам».

***

Дар барқияи шодбошии Президенти Туркия Абдулло Гул омадааст:

«Ҷаноби Президент, бародари азиз!

Барои ба мақоми Президентӣ бори дигар интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва аз номи халқи турк Шуморо самимона ва бо беҳтарин таманниёт табрик мегӯям.

Баргузории бомуваффақияти интихобот дар шароити тинҷиву оромӣ хурсандиовар мебошад. Итминон дорам, ки натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад.

Равобити дӯстонаву бародаронаи байни кишварҳо ва халқҳоямон дар самтҳои гуногун бо пешвоии хирадмандонаи Шумо рушду таҳким ёфта истодааст. Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав низ Ҷаноби Олӣ саъю ғайрати хешро дар ин ҷода дареғ нахоҳанд дошт.

Бо истифода аз фурсат, ба Ҷаноби Олӣ, бародари азизам, тандурустиву хушбахтӣ ва ба халқи дӯсту бародари тоҷик беҳбудиву хушнудӣ орзумандам».

***

Дар барқияи табрикотии Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Дмитрий Мезентсев омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии моро, бинобар сабаби интихоби Шумо ба мақоми баланду масъули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул фармоед.

Ҳадафҳои стратегие, ки таҳти роҳбарии Шумо амалӣ мегарданд, ба афзоиши нақшу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Мутмаинем, ки раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилаи серҷабҳа дар фазои созмон, сифати нави ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва миқёси нави муносибатҳоро дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъмин намуда, ба ҳамкориҳо бо кишварҳои нозир ва шарикони муколама дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай такони тоза мебахшад.

Иҷозат диҳед, ба Шумо тансиҳатӣ,комёбиҳои бузург, хонаободию саодатмандӣ, ба мардуми Тоҷикистон –сулҳ, хушбахтӣ ва шукуфойиро таманно намоям».

***

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.

Пирӯзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халқи Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Шумо, ки мақсад аз он таҳкими мустақилияту соҳибихтиёрии кишвар, рушди демократия, тартибу низом ва қонуният аст, далолат мекунад.

Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши муносибатҳои неку дӯстонаи анъанавӣ, рушди ҳамкорӣ ва фаъолияти мутақобилаи байни кишварҳоямон ба манзури шукуфойии халқҳоямон мусоидат менамояд.

Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти давлатии Шумо ба нафъи Тоҷикистони дӯст муваффақиятҳо орзу мекунам».

***

Дар барқияи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ омадааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Интихоби муҷаддади Ҷаноби Олӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо, Давлат ва миллати кишваратон самимона табрик мегӯям.

Ин интихоби муҷаддад, фурсатеро барои самарабахшии талошҳои масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳо миёни ду кишвар фароҳам хоҳад намуд.

Умедворам, ки дар давраи ҷадид ва дар партави саъю кӯшишҳои муштарак беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобити миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат ва ҳамчунин тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ, сарафрозӣ ва беҳрузии давлат ва миллати дӯсту бародари Тоҷикистонро орзу дорам».

***

Дар барқияи шодбошии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфта мешавад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаамро қабул фармоед.

Аз ин имконияти гуворо истифода намуда, ба Шумо тансиҳатии бардавом, ғайрату қувваи ҳаётбахш, ҳамчунин бахту саодати шахсӣ ва дар ин мансаби олии давлатӣ ба нафъи пешрафту шукуфойии халқи дӯсти Тоҷикистон комрониҳоро таманно дорам.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, итминону эҳтиромоти бепоёнам нисбат ба Шумо ва омодагии доимиамро дар амри рушду таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи байни кишвару халқҳоямон қабул фармоед».

***

Алмазек Атамбоев — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар барқияи худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.

Пирӯзии комили Шумо дар интихобот нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик ба Шумо ва хидматҳои Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аст.

Робитаҳои анъанавии дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола беш аз пеш фарогиртар шуда,  ба худ хусусияти динамикӣ касб мекунанд.

Ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои муштараки фаъол ҷиҳати татбиқи мувофиқатномаҳоямон, ки ба манфиати халқҳои бародари мо нигаронида шудааст, баён менамоям.

Самимона ба Шумо муваффақият ва дастовардҳои арзанда дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳу шукуфойиро таманно дорам».

***

Дар барқияи шодбошии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа омадааст:

«Иҷозат диҳед Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик гӯям.

Ғалабаи комили Шумо дар интихобот гувоҳи беҳтарини он аст, ки дар Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо талошҳо ҷиҳати таҳкими потенсиали кишвар, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии он, таъмини субот, амнияти байналмилаливу минтақавӣ аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд.

Бо самимият изҳори умед мекунам, ки ҳадафҳои СААД ҷиҳати талошҳои кишварҳои аъзо дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои  амниятии дар миқёси АвруОсиё бавуҷудоянда ва  баланд бардоштани нуфузи Созмони мо дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Шумо дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар иҷозат диҳед аз самими қалб дар самти амалӣ гардидани нақшаҳоятон муваффақиятҳои навин,  дар фаъолияти самаранок дар роҳи сулҳ, рифоҳ ва шукуфойии халқи тоҷик дастовардҳои бардавом орзу намоям».

***

Президенти Украина Виктор Янукович дар барқияи шодбошиаш гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Таҳнияти маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.

Пирӯзии комили Шумо нишонаи ҷонибдории мардуми тоҷик аз сиёсати пешгирифтаи Шумост, ки ба рушди устувори иқтисоди мамлакат ва некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст. Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои созандаи миёни Украина ва Тоҷикистон дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд низ дар асоси муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум рушд хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатии комил ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон саодатмандиву рифоҳро таманно дорам».

***

Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Раҷеп Тайип Эрдоган навиштааст:

«Ҷаноби Президент!

Бародари олиқадр!

Шуморо барои ба мақоми Президентӣ интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва халқи турк самимона табрик мегӯям.

Баргузории муваффақонаи интихобот дар шароити оромии комил хурсандиовар мебошад. Таманно дорам, ки натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат биёрад.

Орзумандам, ки дар ин марҳилаи нав инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту сиёсати кишваратон давом ёфта, суботу рифоҳ афзоиш ёбад. Кишвари Туркия имрӯз ҳам мисли пештара кӯшиши ба рушду таҳким равонанамудаи Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.

Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав ҳамкорӣ ва равобит миёни Туркияву Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои мутақобила равнақ меёбад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо ва халқи бародари Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳбудӣ орзумандам».

***

Дар номаи шодбошии Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев омадааст:

«Эмомалӣ Раҳмони гиромиқадр!

Бо бозгашт ба Москва мехоҳам Шуморо аз самими қалб ба муносибати аз нав ба мансаби олии давлатӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон муборакбод гӯям.

Ман ҳамчун роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шоҳиди ғалабаи комили Шумо дар интихоботи президентӣ будам.

Зери роҳбарии оқилонаи Шумо дар кишвар эҳёи иқтисодӣ, ислоҳоти иҷтимоиву маъмурӣ ҷараён дошта, демократикунонии ниҳодҳои ҷамъиятиву давлатӣ пойдор аст.

Ба шарофати татбиқи мунтазами ин роҳи дурандешона ва стратегӣ Тоҷикистон дар хориҷи дуру наздик шуҳратёр гардида, фаъолият ва нақши он дар арсаи байналмилалӣ таҳким меёбад.

Маҳз ба ҳамин хотир интихобкунандагон интихоби худро карданд.

Аминам, ки фаъолияти Шумо дар мансаби президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дастовардҳои нави сиёсӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ расонида, минбаъд дар густариш ва таъмиқи ҷараёнҳои созандагӣ дар доираи ИДМ саҳм хоҳад гузошт.

Бо таҳнияти самимӣ ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ ба Шумо аз самими қалб сиҳатии комил ва дар фаъолияти бисёрҷонибаи давлатӣ саодатмандию муваффақият таманно дорам».

***

Габриел Давидов — Президенти ифтихории Бунёди Хайриявии «Тоҷикистон» дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

«Эмомалӣ Раҳмони азиз!

6-уми ноябри соли 2013 аз нав барои ҳафт соли оянда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон дар ҳаёти халқи тоҷик ва дӯстони содиқи Тоҷикистон, ки сокини Амрикоянд, рӯйдоди басо муҳим буд. Ман аз номи оилаи худ, дӯстони амрикоиатон, инчунин аз номи ҷомеаи 50- ҳазорнафараамон Шуморо аз самими қалб ба муносибати ғалабаи комилатон дар интихобот табрик гуфта, ба Шумо, оилаатон ва кулли мардуми тоҷик саодатмандӣ ва сулҳу шукуфойӣ таманно дорам.

Мо — шаҳрвандони амрикоии мутаваллиди Тоҷикистон бо Шумо – Сарвари давлат ифтихор дорем. Зеро таҳти роҳбарии Шумо аснои ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум истиқлолияти кишвар ҳифз гардида, дар Тоҷикистон бунёди муваффақонаи ҷомеаи демократӣ оғоз шуд ва Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонид, ки ҷонибдори ғояҳои демократӣ аст.

Дубора интихоб гардидани Шумо кафолати идомаи дӯстӣ бо Амрико ва итминон ба ҷонибдории минбаъдаи кишварҳоямон дар самти мубориза бо терроризми байналмилалист.

Мо — дӯстони содиқи Шумо ҳамеша ҷиҳати таҳкими дӯстӣ миёни мардуми Тоҷикистону Амрико, инчунин ҷиҳати болобурди сатҳи зиндагии мардуми тоҷик талош хоҳем кард.

Ба Шумо дар корҳои некатон, ки ба манфиати мардуми тоҷик равона гардидаанд, муваффақиятҳо таманно дорем».

***

Дар барқияи шодбошии Амири Давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки ба муносибати бори дигар интихоб гардидан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худам самимона табрик менамоям.

Бо истифода аз ин фурсат, беҳтарин таманниёти худро ба Ҷаноби Олӣ иброз медорам ва идомаи муваффақиятҳо ва пешрафту рифоҳияти бештарро ба мардуми шумо хоҳонам ва итминон медиҳам, ки майли мо ба манзури тақвияти бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари мо давоми раёсати нави Шумо аст».

***

Дар барқияи шодбошии Сарвазир ва вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Абдулло ибни Носир ибни Халифа Оли Сонӣ омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хушоянд ҳастам, ки Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми раёсатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям ва таманниёти самимонаро бо дарёфти комёбиҳо ва пешравиҳои бештар ба мардуми кишвари дӯст таманно менамоям».

www.president.tj