Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо шонздаҳуми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон 2251 корхона ва 10059 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон дар корхона ва иншооти бақайдгирифта 150 назорати техникӣ анҷом дода шуд, ки аз он 135 назорати нақшавӣ ва 15 назорати ғайринақшавӣ мебошад.
- Ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ 522 ҳолати вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 нисбат ба як соли пеш 40 адад кам гардидааст, — изҳор дошт ӯ.
Барои бартараф кардани камбудиҳо ба роҳбарон ва шахсони масъули корхонаву ташкилот 133 нишондод пешниҳод гардид, ки 31 нишондод оид ба боздошти кор мебошад. Инчунин, 121 шахси масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 233715 сомонӣ ҷарима шуданд.
Бино ба гуфти ӯ, дар нимсолаи якуми соли равон дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифта 11 ҳодисаи нохуш ва ду садамаи истеҳсолӣ рух додааст, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 14 кас ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар фаъолияти аксар корхонаҳо риоя накардани талаботи конунгузорӣ, аз ҷумла, надоштани иҷозатномаи истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан ва таркидан дорад, набудани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳии солона, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот, аз экспертизаи бехатарии саноатӣ нагузаронидани таҷҳизоти хатарноке, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, таъмин набудани қисмҳои чархзанандаи таҷҳизот бо рӯйпӯшҳои муҳофизатӣ ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон ошкор гардид.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»