Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон» аз 8 июли соли 2019, № 345 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 705