Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Нак Ён

№86 (4036) 18.07.2019

48298283212_c56979b8ef_o16 июли соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикис­тону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея мақоми шоиста касб кардааст ва ҷониби Тоҷикистон аз нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея интизории зиёд дорад.

Ҷонибҳо ба он назар буданд, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ заминаи созгори шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея  оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ фаъолияти назаррас дорад.

Доир ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикис­тону Корея  дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея», Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкори судманд сурат гирифт ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро  дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ  бо Фонди Корея оид ба қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати рушди соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ҳавасманд аст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикис­тон табодули афкор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории  форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея ва Тоҷикистон-­Корея-Ӯзбекистонро соли гузашта аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, хусусан, дар соҳаи тиҷорату иқтисод, арзёбӣ намуда, изҳори итминон намуданд, ки форуми навбатии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Корея тадбирҳои муштаракро дар ин самт таҳким мебахшад.

Масоили вобаста ба амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунии Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.

www.president.tj