Дарёфти ду медали тилло аз як форум

№87 (4037) 20.07.2019

«Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.»

Эмомалӣ РАҲМОН,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

cv2Чанде пеш дар Форуми XII занони ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули давлати Кореяи Ҷанубӣ  доир шуд, номзади илмҳои техникӣ Мавлуда Давлатмамадова барои ихтирои малҳами нав бар зидди бемории ҳассосият (аллергия) сазовори ду медали тилло  гардид. Бахшида ба ин, 1 июли соли 2019 дар Маркази миллии патент ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои форум ҷамъомад баргузор шуда, вазири рушди иқтисод  ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Неъматуллозода ӯро бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ кард.

- Мо, ҷавонон рӯҳбаланд аз онем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавонон, бахусус олимону ихтироъкоронро дастгирӣ мекунанд ва баҳри иҷрои ҳадафу ниятҳо имконият муҳайё кардаанд, — гуфт Мавлуда.

- Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2016 дастур дода буданд, ки доир ба ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ, озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ чораҳои иловагӣ андешида, фаъолияти маҳфилҳои илмиву ихтироъкориро  тақвият бахшанд.

- Дастпарвари факултети химияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (солҳои 2002-2007) мебошам. Фаъолиятам соли 2007 дар кафедраи кимиёи заҳршиносӣ ба ҳайси ассистент  оғоз ёфта, аз соли 2009 дар Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии фармасевтӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи ходими илмии шуъбаи «Фармакогнозия, технологияи дору ва биотехнология» кор мекунам. Ҳамзамон ба корҳои илмӣ низ машғул буда, дар кафедраи «Кимиёи татбиқӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорам, — афзуд ӯ.

Аз айёми донишҷӯӣ орзу мекардам, ки аз гиёҳҳои шифобахши диёр ба нафъи халқам ягон дору ё малҳам ихтироъ кунам. Хушбахтона, ба мақсад расидам. Бо роҳбарии академики Академияи илмҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фармасевтӣ, профессор Юсуфӣ Саломуддини Ҷаббор ва доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҷӯра Раҳимназарович Рӯзиев рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Физико-химические и технологические основы очистки талька Таджикистана» дифоъ намудам.

Ихтироъ кардани ягон чизи нав муҳлати  дароз ва тӯлониро мехоҳад. Масалан, барои тайёр кардани хокаи кӯдакона (детская присыпка) даҳ сол лозим шуд. Хокае, ки мавриди истифода қарор гирифт, талк ном дорад ва аз деҳаи Мулвоҷи ноҳияи Ишкошим дастрас кардем. Кони он миллионҳо тонна захира дорад, лекин истифодааш дар соҳаи тиб ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст.

Ихтирои камина хокаи кӯдаконаи «Таҷбенталк» барои пӯсти тифлони нав­зод ва барои бемории ҳассосият ё аллергия хеле фоидабахш аст.

Дар таркиби он молекулаи оксиди магний, чор молекулаи оксиди кремний ва молекулаи об мавҷуд буда, дорои панҷараи кристалӣ мебошад. Технологияи коркарди хока душвор нест. Он аз маҳсулоте тайёр мешавад, ки дар ҷумҳурӣ фаровон аст. Масалан, аз кислотаи хлорид, ки дар ноҳияи Ёвон истеҳсол мешавад.

Ихтирои дувум, аз гиёҳҳои табобатии череда ва радиола бо иловаи маҳлули спирти этанол омода кардани малҳам (маз)-и нав маҳсуб мешавад. Малҳами зикршуда барои ҳассосияти пӯст пешбинӣ шуда, алҳол дар шароити лабораторӣ санади тасдиқкунанда дорад, аммо дар саноат  ҳанӯз  ҷорӣ  нашудааст.  Барои дар истеҳсолот ва тиб истифода кардани он зарур аст, ки хокаи шифобахши талкро аз конҳои ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Душанбе оварда, мавриди истифода қарор диҳем. Ҳуҷҷатҳои зиёди тасдиқкунандаи ин маҳсулот заруранд. Хулоса, барои оғози кор маблағ даркор аст, — мегӯяд М. Давлатмамадова.

- Дар Форуми ХII занони ихтироъкор малҳами табобатӣ бар зидди бемориҳои ҳассосияти пӯстро муаррифӣ кардам. Медали нахустинро президенти Ассосиатсияи занони ихтироъкори ин кишвар Сил Лее тақдим карданд. Медали дуюмро намояндаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар вазъияти ботантана  супорид.

Ният дорам, ки дар саноати дорусозӣ ва косметологияи муосир аз хока, лойҳои шифобахш ва гиёҳҳои дармонбахш доруву малҳами нав ихтироъ кунам. Вобаста ба ин лоиҳаи навро таҳия  ва пешниҳод намудам. Агар он дастгирӣ ёбад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ихтирооти зиёде дар ин соҳа хоҳам кард.

Лозим ба ёдоварист, ки М. Давлатмамадова 26 апрели соли 2019 сазовори дипломи дараҷаи III, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи номинатсияи «Зиёдтарин миқдори патент барои ихтироот» ва дипломи Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»