Ҳолиё мавзӯи суҳбати аксариятро гарму хушк омадани тобистон ташкил медиҳад. Дар ин матлаб кӯшиш ба харҷ додем, ки пайвастагӣ ва вобастагии инсон ва обро дар заминаи далелу рақамҳо бозгӯйӣ намоем.
Олимон муайян кардаанд, ки ҳар як инсон дар 60 соли ҳаёт ба ҳисоби миёна 40-50 тонна об менӯшад. Одатан ҳар шахс дар як шабонарӯз 2-3 литр об ихроҷ мекунад. Танҳо тавассути нафас баровардан инсон ним литр оби баданро талаф медиҳад. Дар ҳавои гарм, зимни машғул шудан ба варзиш ва меҳнати ҷисмонӣ ин раванд бештар мешавад. Агар одам дар тӯли рӯз ба миқдори кофӣ об нӯшад, неруманд ва чустучолок мегардад. Тибқи ҳисоби олимон, ҳар шахс дар давоми шабонарӯз бояд ба ҳар килои вазнаш 30-40 граммӣ об бинӯшад. Ба ибораи дигар, шахсе, ки 70 кило вазн дорад, рӯзе 2,1-2,8 литр об нӯшиданаш лозим меояд. Ҳангоми норасоии об гурдаҳо бо иқтидори пурра фаъолият карда наметавонанд. Дар ин ҳолат сарбории ҷигар меафзояд ва таҳшиншавию ҷамъшавии сангҳо оғоз мешавад.
86 фоизи ҷисми тифли навзодро об ташкил медиҳад. Дар одами миёнсол ин рақам ба 70 фоизи вазни бадан рост меояду агар инсон 70 кило вазн дошта бошад, 45-50 килои он об аст. Тақсимоти об дар бофтаҳои инсон гуногун мебошад. Масалан, агар об дар бофтаи зуҷоҷияи чашм 99 фоизро ташкил диҳад, ин нишондиҳанда дар сирри дандон ба 0,2 фоиз баробар аст. Норасоии об дар ҷисми инсон боиси баландшавии фишори хун, дарди буғумҳо, авҷгирии бемории меъда, сарчархзанӣ, дарди сар, хастагию беҳолӣ ва ғайра мешавад.
Дар сурати мунтазам бо об таъмин будани ҷисми инсон фаъолияти тамоми узвҳо муътадил мегардад. Аз ҷумла об барои хуб гузаштани ҷараёни ҳазмшавии ғизо кумак мерасонад. Шираи меъда хуб ҷудо шуда, ҳазми ғизо осон мегардад. Ҳангоми норасоии об ҳазми ғизо мушкил шуда, зардаҷӯш ва қабзият (сахтшавии шикам) азият медиҳад.
Дар муътадил будани гардиши хун низ таъмин будани ҷисм бо об нақши муҳим мебозад. Об имкон медиҳад, ки моддаҳои ғизоӣ ва оксиген ба ҳуҷайраҳо ворид шуда, токсинҳо берун шаванд. Илова бар ин, об дар танзими ҳарорати ҷисм нақши муҳим бозида, гармии баданро муътадил нигоҳ медорад.
Истеъмоли бо меъёри об ҳаракати банду буғумҳоро беҳтар гардонида, бофтаҳоро ҳифз мекунад. Аз ин рӯ, ҳангоми норасоии об дарди буғумҳо авҷ мегирад. Бояд дар мадди назар дошт, ки якбора нӯшидани миқдори зиёди об боиси заҳролудшавии организм (интоксикатсия) шуда, фаъолияти гурдаро мушкил мегардонад.
Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои рӯёнидани як кило картошка 300 литр об сарф мешавад. Барои аз донаи гандум то ба нон расидани он сарф кардани 900 литр ва барои истеҳсоли як кило шоколад 17 000 литр об сарф мешавад.
Олимон ҳисоб кардаанд, ки агар вақти шустани дандон ҷумаки водопровод маҳкам набошад, камаш 1 литр об исроф мешавад. Ҳангоми шустани фарши манзил камаш 10 литр об зарур буда, дар оилаи иборат аз 4 нафар барои зарфшӯӣ 20-30 литр об масраф мешавад. Шояд бисёриҳо надонанд, ки зимни истифода аз мошини ҷомашӯӣ 100 литр об сарф мешавад. Ҳангоми панҷ дақиқа шустушӯй дар зери душ 100 литр об сарф мегардад. Ҳангоми шустани мошин 200 литр об зоеъ мегардад.
Дар маҷмӯъ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, онро аз исрофу ифлосшавӣ эмин дорем.
Гуларӯс ҚУРБОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 34-и шаҳри Душанбе