- Мақсад ва вазифаи асосии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон, таҳияи консепсияю барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа, муайян намудани робитаи мероси исломӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад, — таъкид кард дар нишасти матбуотӣ сарвари он Файзулло Баротзода.
Тибқи нақшаи кории марказ, мавзӯи нави илмӣ барои солҳои 2019-2021 зери унвони «Инъикоси хусусиятҳои сиёсӣ — идеологии исломи муосир дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба ташаккули шуури динӣ-ҳуқуқӣ ва анъанаву маросим дар ҷомеаи Тоҷикистон» дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки тибқи он чунин зермавзӯъҳо мавриди таҳқиқот қарор дода мешаванд: «Таъсири омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба таҳаввули ҷашну маросими динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таъсири омили динӣ дар раванди муҳоҷират ва фазои иҷтимоии Тоҷикистон», «Нақши мактабҳои анъанавӣ (ҳанафия ва исмоилия) дар раванди ташаккули шуури ҳуқуқӣ — динӣ ва иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон», «Омӯзиш ва таҳлили ҷараёнҳои ғайрианъанавии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ», «Муаррифӣ ва таснифи сарчашмаҳои асосии динӣ дар ҳавзаи Мовароуннаҳр».
Кормандони Маркази исломшиносӣ дар гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои илмӣ ба шаҳру вилоят ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар шудаанд. Илова бар ин, аз тариқи телевизион ва радио 47 барнома ва гуфтор бо иштироки кормандони илмии Маркази исломшиносӣ таҳия гардид.
Дар давраи зикршуда маълумоти зарурӣ дар чор маҷмӯаи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъоварӣ шуд ва 29 мақолаи илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла, 12 мақола дар нашрияҳои хориҷӣ, ба чоп расид.
Ҳамчунин, Файзулло Баротзода иброз дошт, ки кормандони марказ 576 китоб, 47 фитаву сабт, 173 саҳифаи дастнависро, ки аз ибодатгоҳҳои муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт шуд, мавриди омӯзиш қарор доданд.
Аз вазорату кумита ва дигар муассисаҳои давлатӣ дар ин давра 127 фита ва 413 саҳифаи интернетии дорои матну аксҳои гуногун, планшет, 4 телефони мобилӣ ва ғайра пешниҳод гардид, ки кормандони Маркази исломшиносӣ нисбат ба онҳо низ хулоса ирсол намуданд.
ВОРИС, «Садои мардум»