- Дар шаш моҳи соли равон 348 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии онҳо 90 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт дар нишасти матбуотӣ муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ Абдураҳмон Аламшозода.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои оперативӣ — ҷустуҷӯйӣ 23 ҷинояткори расман дар кофтуков қарордошта аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир гардиданд, ки 70 фоизи онҳоро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд.
Инчунин, 20 ҳолати дахолату таҳқир ва монеъшавӣ ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хоса дар дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ошкор гардид, ки дар натиҷа, нисбат ба 15 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва тафтишот идома дорад.
Тибқи маълумоти Абдураҳмон Аламшозода, аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида 332 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 43 автомати Калашников, 50 тапончаи Макаров, як гранатомёт, 118 адад ТОЗ — 8 (милтиқ), 80 милтиқи шикорӣ, 36 карабин, се найзакорд ва аз аҳолӣ миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ — 3 178 адад тирҳои гуногун, 115 тирдон, 23 норинҷак, 11 тӯпи зермила (подствольник), чор снаряди чархбол, 17 килограмму 250 грамм маводи таркандаи гранулит, 250 грамм маводи таркандаи аманит ва ғайра мусодира шуд.
Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ки дар ВМКБ 206 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ ошкор ва дар ин робита нисбат ба 17 нафар парвандаи ҷиноятӣ ва нисбат ба 68 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.
М. ИМОМНАЗАР, журналист