Мулоқот бо намояндагони СММ

№99 (4049) 17.08.2019

DSC_257714 августи соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода бо намояндагони Идораи зиддитеррористӣ, Идора оид ба маводи мухаддир, ҷинояткорӣ ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд.

Ҷӯрахон Маҷидзода доир ба тадбирҳои андешида дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори андеша намуда, аз ҷумла, гуфт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварро ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта бо амалҳои харобкорона ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ӯ, ҳамчунин, оид ба сарҳади тӯлонӣ доштани Тоҷикис­тон бо Афғонистон, ки ба лонаи террористон табдил ёфтаву макони истеҳсол ва паҳни маводи мухаддир гардидааст, маълумот дод.

DSC_2601Намояндагони идораҳои зикршудаи СММ аз талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ситоиш намуда, изҳор доштанд, ки ҳамкориҳоро дар ин самт таҳким бахшида, ҳамчунин ба ниҳодҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ дар сатҳи маҳал, миллӣ ва минтақавӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ифротгаройии хушунатомез мусоидат мекунанд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев