Аснои суҳбат бо хабарнигори рӯзнома раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода доир ба дастовардҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқу иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия андешаҳояшро ба тариқи зайл дар миён гузошт.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хоҷагию корхона ва ташкилоту идораҳои он баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифати нақшаю дурнамоҳои давлатӣ, консепсияю стратегияҳо, барномаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018) бармеоянд ва ба таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ равона шудаанд, собитқадамона кӯшиш карда истодаанд.
Чунончӣ, имрӯзҳо бо талошҳои сокинон баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони панҷ иншооти калон — муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти «Чортеппа» барои 640 хонанда дар як баст (аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №85-и деҳаи Оли Сомони деҳоти «Зайнабобод» барои 320 нафар дар як баст (аз тарафи соҳибкор Абдуҷаббор Қурбонов), корхонаи оҳангудозӣ ва бунёди гармхонаи замонавӣ бо технологияи навтарини Кореяи Ҷанубӣ дар масоҳати як гектар дар деҳоти «Чоргултеппа» ва «Тоҷикистон», Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии шаҳраки Сомониён идома доранд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 29 иншоот, аз ҷумла, панҷ бунгоҳи тиббӣ, ду майдончаи варзишӣ, се сартарошхона, як маркази офиятбахшӣ ва касбомӯзӣ барои маъюбон, ду пули автомобилгарди байни деҳаҳо, ду шабакаи обтаъминкунӣ ва ҳафт мағозаи молҳои ниёзи мардум сохта, ба истифода дода шуда, бунёди 180 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки охири соли гузашта Пешвои миллат ҷиҳати иштирок дар ифтитоҳи бинои муассисаҳои таълимии рақами 7 ва 35 дар деҳоти «Чоргултеппа» ва «Гулистон», шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Содиқ Сиддиқ»-и деҳоти «Россия» ба ноҳия ташриф оварданд. Аз қудуми мубораки Ҷаноби Олӣ буд, ки соли ҷорӣ бунёдкориҳо вусъати тоза гирифтанд. Рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум таъмин гардид ва ҳаҷми Маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилӣ 383 миллиону 899 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд аст. Иҷрои нақшаи буҷети ноҳия дар ҳаҷми 95 миллиону 953 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 103,5 фоиз таъмин шуд. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ низ пурраю барзиёд таъмин гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакатро дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд. Ин моро вазифадор менамояд, ки ба масъала диққати аввалиндараҷа диҳем. Ҳарчанд ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 162 миллиону 64,4 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,5 фоиз зиёд гардида бошад ҳам, наметавон гуфт, ки дар ин самт кор табъи дил аст. Зеро имконият ҳаст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар дилхоҳ самт боз ҳам зиёдтар намоем. Ба ин хотир дар нимсолаи аввал нуҳ корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «СКА МИР» (коркарди маҳсулоти пластикӣ), «Олим Фарм» (истеҳсоли доруворӣ), «Арай ТҶ» (истеҳсоли равғани растанӣ), «Адана» (истеҳсоли хокаи обҳои ранга), «Аниса М» (истеҳсоли мебел), «Алиҷони А» (истеҳсоли хишт), «Алиҷони Б» (истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ) ва «Ахтарони Вахш» (истеҳсоли либосҳои ягонаи мактабӣ) ба фаъолият пардохтанд.
Корхонаҳои истеҳсолӣ аз нақша зиёд маҳсулоти қаннодӣ, макарон, кетчуп, оби маъданӣ, арақ, ликёр, оби ҷав, қолин, бензин, мазут, рег, сангмайда, хиштҳои гуногуни сохтмонӣ, газоблок, оҳану бетони васлшуда, асфалт ва арматур истеҳсол карданд. Аз ҷумла, корхонаҳои ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул — ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Амирӣ» (маҳсулоти қаннодӣ), «Назиф» (коғази ташноб), «Гулшан- 2010» (кетчуп), «Ангара» (гаҷбарорӣ), «ММД» ва «Шоҳона» (маҳсулоти спиртӣ), «Софӣ» (коғази тар — влажная салфетка), «Тоҷ Фейза» ва «Мавлонои Румӣ» (қолин), «Сино- 2013», «Тиб барои Шумо» ва «Олим фарм» (доруворӣ), «Арай ТҶ» (равғани растанӣ), «Ахтарони Вахш» (либосҳои ягонаи мактабӣ) ва ғайра ба маблағи 58,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар шашмоҳаи аввали сол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 190 миллиону 653 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз зиёд аст. Дар ин муддат 13672 тонна ғалладона, 16982 тонна картошка, 15742 тонна сабзавот ва 1322 тонна мева ҷамъоварӣ шуд, ки назар ба як соли пеш бештар мебошад.
Инчунин, дар 38,3 гектар боғи нави дарахтони тухмдору донакдор, 2,5 гектар токзори нав бунёд карда шуд, ки дар муқоиса ба як соли пеш зиёд аст.
Бояд зикр кард, ки талошҳои якҷояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, хусусан, прокуратура, шуъбаҳои 1 ва 2 -и ВКД дар ноҳия, шуъбаи амният ва ғайра дар мавриди пешгирии тақсими ғайриқонунии замин, ҳолатҳои заминфурӯшӣ ва дигар омилҳои манфӣ натиҷаи дилхоҳ дода истодааст. Бо итминон метавон гуфт, ки волоияти қонун дар мавриди истифодаи замин дар ноҳия таъмин гардидааст. Барои мисол, дар нимсолаи якум 14 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 4,07 гектар ошкор шуд, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба ин масъала ба прокуратураи ноҳия мактуб ирсол гардид. Дар натиҷа, оид ба ҳафт ҳолат амрҳои прокурорӣ ҷиҳати бетаъхир андешидани чораҳо барои ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳо ба тасвиб расид.
Доир ба фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бояд зикр кард, ки дар он 39 вакил (11 нафар зан) дар ҳайати панҷ комиссияи доимӣ – оид ба иқтисодиёт ва буҷет, оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, оид ба кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, оид ба тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо занону ҷавонон ва муносибати байни миллатҳо ва оид ба саноат, сохтмон, коммуникатсия, савдо ва хизматрасонӣ самаранок кор бурда истодаанд.
Вазифаи асосии комиссияҳо аз таҳияи таклифу пешниҳодот ва омодасозии хулосаҳо оид ба масъалаҳое, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ баррасӣ мешаванд, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, назорати фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ, истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ, ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор, хулосадиҳӣ доир ба масъалаҳои дар иҷлосияҳо баррасишаванда ва ғайра иборат мебошад. Саҳми вакилон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия назаррас аст. Робитаи онҳо бо интихобкунандагон хуб буда, муроҷиатҳоро сари вақт баррасӣ ва аксари онҳоро дар доираи имконияту шароити мавҷуда ҳал мекунанд. Дар солҳои 2017- 2019 раисони ҳама комиссияҳои доимӣ оид ба фаъолияти комиссияҳо дар иҷлосияҳо ҳисобот доданд. Инчунин, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳо оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, № 201 «Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, таъсис додани корхонаҳои коммуналӣ дар назди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020», натиҷаҳои амалисозии Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи «Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020» мавриди баррасӣ қарор дода, қарор қабул намуд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хуб ҷараён дорад. Мисоли барҷастаи он пурра аз байн рафтани «Занги камолот», «Иди Алифбо», «Хайр, боғча» ва «Рӯзи хатмкунанда» мебошад.
Ё мисоли дигар, дар ҳама ҷашну маросим соли гузашта 143 сар чорвои калон ва 2311 сар моли майда забҳ шудааст. Ҳол он ки ин рақамҳо соли 2012 мутаносибан ба 707 ва 7864 сар баробар буд.
Дар маҷмӯъ, ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баҳри сазовор ҷашн гирифтани санаи фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 414 иншооти таъиноташон гуногунро ба нақша гирифта, неруи созандаю бунёдкоронаро баҳри дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супоридани онҳо равона кардаанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»